МУРОҶИАТИ ГИРИФТОРОНИ COVID-19 КОҲИШ ЁФТААСТ. Дар ин бора сарвари Бемористони Ибни Сино хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Омори воқеӣ бозгӯи он аст, ки муроҷиати беморони Ковид-19 ба бемористонҳо коҳиш ёфтааст. Мо ҳам дар Бемористони Ибни Сино инро мушоҳида кардем, навиштааст имрӯз сарвари ин бемористон Абдухалил Холиқзода дар саҳфаи худ дар «Фейсбук».
Ӯ навиштааст: «Ин воқеият, ба андешаи ман, метавонад чанд сабаб дошта бошад. Якум, бешубҳа афзоиши сатҳи огаҳии мардум аз роҳҳои пешгирии шуюъи вируси куруно буда метавонад, ки воқеан хурсандкунанда аст. Дуюм, шояд таъсири нурҳои офтобӣ бошад, ки бино ба назари коршиносон метавонад шуюъи вирусро то ҳадде коҳиш медиҳад. Вале таъсири ин омил чандон зиёд буда наметавонад».
Табиби тоҷик худдармониро дар хона яке аз роҳҳои бештар паҳн шудани вирус арзёбӣ намуда, тавсия медиҳад, ки дар ҳоли холӣ будани тахтҳои бемористонҳо одамон табобатро дар бемористон, зери назари мутахассисон бигиранд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






