COVID-19. Кумаки моддии Сарвари давлат ба табибон ва нафарони мубталои бемории коронавирус дар вилояти Суғд

Май 18, 2020 10:07

ХУҶАНД, 18.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории коронавирус мубтало гардидаанд,  бо супориши Сарвари давлат аз пойтахти мамлакат ба вилояти Суғд кумаки моддӣ- 140 адад мошини пурбор бо 900 тонна маводи озуқа ва доруворӣ, дар умум ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ ба маркази вилоят фиристода шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кумаки зикршуда  табибон ва тамоми беморони ба  короновирус мубталошудаи шаҳру навоҳии вилоятро фаро гирифта, ба ҳамаи онҳо маводи озуқаворӣ, аз  қабили орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва маводи зарурии доруворӣ тақсим мегардад.

Илова бар ин ба табибони беморхонаҳои миқёси вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ, маводи  безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.

Дар ин замина бо мақсади мақсаднок ва шаффофу суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Май 18, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон