COVID-19. Миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рафтуомади бидуни зарурати шаҳрвандон маҳдуд карда мешавад

Май 12, 2020 16:17

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд рафтуомади бидуни зарурати шаҳрвандон байни шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд маҳдуд карда мешавад. Чунин тавсия  зимни машварати корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемории коронавирус, ки 11 май таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид, дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар машварати корӣ, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, сардори раёсати тандурустӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд, муовини Раиси  вилоят Зайнура Азимӣ оид ба  ҳолати имрӯзаи вазъи паҳншавии беморӣ ва корҳои иҷрошуда, рафти муолиҷа, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ,  аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводи антисептикӣ, маводи дорувории протоколии ташхисӣ барои беморон маълумот дод. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ ба дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо аз матои истеҳсоли ватанӣ машғул буда, дар як рӯз зиёда аз 4000 дона корҷома ва 270 ҳазор дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол намуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас мегарданд. Барои безараргардонӣ ва бурдани корҳои дезинфексионӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 40 тонна маҳлули гипохлориди натрий ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаҳо ва мавзеъҳои истиқоматӣ корҳои безараргардонӣ идома доранд.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини табибон ва беморон бо маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ тамоми чораҳои зарурӣ бояд сари вақт  андешида шаванд.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят оид ба захираи маводи доруворӣ дар анборҳои ширкатҳои асосии воридкунандаи маводи фармасевтӣ маълумот дода шуд. Зикр шуд, ки ҳоло маводи зарурии доруворӣ ва маҳлулҳои антивирусӣ, сӯзандору, маводи антисептикӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудаанд. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои воридкунандагони маводи доруворӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, ҳар рӯз аз хориҷи мамлакат ба вилоят доруворӣ ворид карда мешаванд.

Дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд. Зеро ҳоло ҳам дар шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор доранд. Ё қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Масофаи байни якдигар, ҷамъ наомадани миқдори зиёди мардум дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, рафту омади байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад.

Дар машварати корӣ тавсия дода шуд, ки байни шаҳру навоҳии вилоят рафтуомади бе зарурати шаҳрвандон кам карда шуда, худҳимоякунӣ ва дар хона мондан аз ҷониби аҳолӣ риоя гардад. Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода  дар Раёсати тандурустии вилоят Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалахои  COVID-19 ташкил карда шуд, ки он 24 соат ба тамоми сокинони вилоят хизмат мерасонад.

Май 12, 2020 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР АВРУПО БИНОБАР НОРАСОИИ ОБ ВА ХУШКСОЛӢ ДАРАҶАИ «СУРХ»-И ХАВФ ҶОРӢ ШУДААСТ. Тоҷикистон ва Нидерланд ба баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар Ню Йорк омодагӣ мебинанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Пиряхҳои Антарктида аз ҳисоби 2-3 дараҷа гарм шудани об тезтар об мешаванд
КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БОРҲО ДАР ИН МАВЗӮЪ ГУФТААНД. Барномаи СММ хабар медиҳад, ки ғарби ИМА метавонад бе об ва барқ бимонад
ОБХЕЗИИ ХАРОБИОВАР ДАР ЭРОН. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ТАЛАБОТ БА ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМО 10 БАРОБАР ЗИЁД ШУД! Тоҷикистон миёни кишварҳои маъруфтарин барои сафари шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт
ҲАВОИ МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН САЛҚИНТАР МЕШАВАД? Ба ин савол ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ посух доданд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд: ба ҷаҳон гуруснагии сахттарин пас аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳдид мекунад
COVID-19. Ҷопон аз рӯи афзоиши шабонарӯзии сироятҳо дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромад
Ба Тоҷикистон 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer» ворид карда шуд
ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИИ ҶАҲОНИИ СУЛҲДӮСТӢ ПАНҶ ЗИНА БОЛО БАРОМАД. Кишвари мо дар рӯйхати давлатҳои дорои дараҷаи боэътимоди амният қарор дорад

Маводҳои таҳлилӣ