COVID-19. То имрӯз беш аз 2,5 миллион нафар дар ҷаҳон аз коронавирус шифо ёфтаанд

Май 29, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи  гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 116 ҳазору 304 нафар зиёд шуда, ба 5 миллиону 905 ҳазору 415 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 579 ҳазору 691 кас шифо ёфтаанд ва 362 ҳазору 24 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 768 461 нафар), Бразилия (438 812), Россия (379 051), Испания (284 986), Британияи Кабир (269 127), Италия (231 732), Франсия (186 238), Германия (182 452), Ҳиндустон (165 386) ва Туркия (160 979) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (498 725 нафар), Испания (196 958), Бразилия (193 181), Германия (163 200), Россия (150 993), Италия (150 604), Туркия (124 369), Эрон (112 988), Чин (78 291) ва Ҳиндустон (70 920) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (103 330     нафар), Британияи Кабир (37 837), Италия (33 142), Франсия (28 662), Испания (27 119), Бразилия (26 764), Белгия (9 388), Мексика (9 044), Германия (8 570) ва Эрон (7 627) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Jim Michaud / Journal Inquirer

Май 29, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»