COVID-19: То имрӯз дар якҷоягӣ бо мутахассисони ӯзбек барои ҳамшираҳои тиббӣ ду раванди омӯзишӣ доир гардид

Май 12, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 баргузор гардид. Дар конфронси мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд,  масъулини беморхонаҳое, ки дар он ҷо  табибон ба табобату ташхис машғуланд ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Саида Умарзода дар видеоконфронс иброз намуд, ки баргузории чунин конфронсҳо метавонад барои баланд бардоштани савияи дониши  тахассусии кормандони соҳа саҳми назаррас гузорад.

Ба зикри муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорат дар якҷоягӣ бо мутахассисони ӯзбек то имрӯз  ду раванди омӯзиширо барои ҳамшираҳои тиб  ҷиҳати пӯшидани тарзи дурусти либоси ҳимояи фардӣ доир намуд.

Ғайр аз ин мутахассисони Ӯзбекистон  аз ташхисгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои мамлакат  дидан намуда,  бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Ҳамзамон онҳо барои ташкили ду озмоишгоҳи дигар дар мамлакат  кумаки хешро расонида, айни замон бо мутахассисон кор бурда истодаанд.

«Аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мо ду маводи тавсияҳо барои ташхис ва табобати бемории коронавирус пешниҳод карда шуд. Айни замон олимони мо низ якчанд дастурамал ва тавсияҳои худро барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат омода намуда, онро ба  кормандони соҳаи тандурустӣ  дар миқёси ҷумҳурӣ дастрас намуданд»,- гуфт Саида Умарзода.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони ӯзбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони сирояти COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадаф аз ташрифи табибони Ӯзбекистон додани тавсияҳо аз таҷрибаи  хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.

Ҳамзамон аз ҷониби кишвари Ӯзбекистон кумаки башардӯстона, аз қабили таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардид.

Қаблан низ  ҷониби Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводи муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, дастгоҳи нафасдиҳӣ ва тести озмоишӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 кумак намуда буд.

Май 12, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид