COVID-19. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба назорати тақсимоти маводи доруворӣ тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати тақсимоти маводи дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ тақвият мебахшад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.
22 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ҳамшираҳои муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки ба бахши тақсимоти доруворӣ масъуланд, вохӯрӣ анҷом дод.
«Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамшираҳои тибби муассисаи мазкур даъват ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои душвор ба халқу миллат хизмати софдилона анҷом дода, рисолати касбии хешро ба ҷо оваранд», — омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон ӯ иброз дошт, ки бояд назорати тақсимоти маводи доруворӣ пурзӯр гардида, беморон сари вақт бо ин мавод таъмин карда шаванд.
Дар айни замон назорати тақсимоти маводи доруворӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа сари вақт гузориш пешниҳод намояд.
«Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад», — гуфтанд Сарвари давлат.
Ҳамчунин дар он мулоқот супориш доданд, ки табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






