ДАР ҲАМИЯТ БАР ЗИДДИ COVID-19 ЗАФАР ХОҲЕМ ЁФТ! Ширкати «Авесто Гурӯҳ» ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ ба Вазорати тандурустӣ маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи доруворӣ, аз қабили антибиотикҳо, доруҳои зиддивирусӣ, витаминҳо ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ дастрас гардонида шуд.
Шумораи умумии маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ зиёда аз 30 номгӯй буда, 350 ҳазор бастаро дар бар мегирад. Арзиши он беш аз 3,4 миллион сомонӣ мебошад.
Зимни тақдими маводи мазкур роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои дастгирии пайвастаи соҳа ба Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» изҳори сипос намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маводи дорувории дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва табобати беморон ниҳоят муҳим ба ҳисоб мераванд.
Доруворӣ ва лавозимоти тиббие, ки ба вазорат дастрас шуданд, дорои сифати баланд ва сертификатҳои зарурӣ буда, аз истеҳсолкунандагони Франсия, Слования, Россия, Ҳиндустон, Беларус, Украина ва Чин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои фарматсевтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудаанд.
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ ситодҳои махсус оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, онҳо ба таври доимӣ фаъолият менамоянд.
Дар пойтахти мамлакат низ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, беморхонаҳои нав бунёд карда мешаванд ва тамоми сохторҳои масъули шаҳрӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда, дар иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматӣ ба таври доимӣ тадбирҳои безараргардонӣ ҷараён доранд.
Ширкати «Авесто Гурӯҳ» аз рӯзҳои аввали муайян гаштани мавҷудияти сирояти коронавируси нави COVID 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муддати кӯтоҳ лавозимоти тиббӣ ва маводи дорувориро дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ройгон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дастрас намуд.
Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли равон низ ширкати мазкур ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 53 ҳазору 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ, айнакҳои ҳимоякунанда, дастпӯшакҳо, ниқобҳои махсуси пластикӣ ва муқаррарии муҳофизатӣ дастрас намуда буд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






