ГАШТУГУЗОР БЕ НИҚОБ ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ! Идомаи амалиёти профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт

Май 15, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои мобилии милитсияи пойтахт дар дӯкону фурӯшгоҳ ва мағозаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, инчунин дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бо шаҳрвандон суҳбатҳои профилактикӣ гузарониданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, кормандони милитсияи пойтахт чанд муддат аст, ки ҷиҳати пешгирии гирифторшавии одамон ба коронавирус ва риояи масофаи иҷтимоию истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ дар кӯчаҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар ҷараёни баргузории чунин як чорабинии профилактикӣ ҳолатҳои зиёди риоя накардани талаботе, ки аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқаррар гардидаанд, аз ҷониби фурӯшандагону савдогарон ба қайд гирифта шуданд. Ин қоидаҳоро махсусан тоҷирону фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ба таври қатъӣ риоя намоянд. Зеро онҳо ҳангоми кор бо шаҳрвандони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд ва чунин беаҳамиятӣ метавонад, пеш аз ҳама, худи онҳо ва дигар шаҳрвандонро зери хатари гирифторшавӣ ба ин беморӣ гузорад.

Кормандони милитсияи пойтахт бо нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ бе ниқоб мегаштанд, суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ин тасмим дар доираи тавсия ва талаботи ҷоригардида аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус  амалӣ карда мешавад, ки гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ медонад.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми гаштугузор қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, зимни аз хона баромадан ба таври ҳатмӣ аз ниқобҳои тиббии муҳофизатию нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ истифода намуда, саҳми худро дар ҳифзи солимии ҷомеа гузоранд.

Май 15, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад