ХАБАРИ ФАВРӢ: Шумори ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 32 адад расид

Май 2, 2020 12:22

ДУШАНБЕ, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. То 2 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд  ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва паҳншавии он дар саросари ҷаҳон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуд. Ҳанўз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд. Натиҷаи чунин чораандешиҳои саривақтӣ ва пурзӯр намудани ташхису назорат буд, ки тӯли беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мамлакат ягон ҳодисаи мубталоӣ ба пандемияи COVID — 19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Аммо, мутаассифона, 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

То имрӯз, 2 майи соли равон дар  кишвар 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд  ба қайд гирифта шуд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд   пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19, ки онро Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ бо номи SARS-CoV-2  ба қайд гирифтааст, тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Аз  ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе дезинфексияи ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 гузаронида шуда истодааст.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Май 2, 2020 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Зарина Норова: «Занҳои афғон низ мехоҳанд чун мо Сарвари ғамхор дошта бошанд, то ҳамроҳи фарзандон дар фазои орому осуда умр ба сар баранд»
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19. Беш аз 80%-и аҳолии Тоҷикистон бар зидди коронавирус ваксина гирифтан мехоҳанд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 440 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон баргузор шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
ЧӢ ТАВР ТОҶИКИСТОН БАР КОРОНАВИРУС ПИРӮЗ ШУД. Кишварҳои ИДМ масунияти аҳолиро нисбат ба COVID-19 таҳқиқ мекунанд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 290 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд

Маводҳои таҳлилӣ