Хуҷанд: Саҳми ҷомеаҳои меҳнатӣ дар корҳои тарғиботиву тамизгардонӣ назаррас аст
ХУҶАНД, 22.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода ситоди донишгоҳии мубориза бар зидди бемории сироятӣ ташкил гардидааст, ки аъзои он дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, биноҳои баландошёнаи аҳолинишинро безарар мегардонанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Башорат Ҳакимова хабар дод, ҳамарӯза аз ҷониби аъзои ситод ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар микроноҳияҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, чун хонаҳои баландошёна, истгоҳи нақлиётӣ, майдончаҳои варзишӣ, кӯчаву хиёбон, мағозаҳо ва роҳраву нақлиёти ҷамъиятӣ варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз ин бемории сироятӣ насб гардида, навъҳои гуногуни маҳлулу моеъҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда низ тақсим ва дар даромадгоҳҳои биноҳо маҳлулҳои безараргардонӣ пошида шуда истодаанд.
«Ҳамзамон дар раванди тадбирҳои амалишуда дар самти пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, иттилоотонии шаҳрвандон, паст намудани таҳлука ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода бо иштироки устодони донишгоҳ мунтазам тариқи барномаҳои шабакаҳои телевизионии вилоятӣ ва маҳаллӣ суҳбатҳо ташкил гардида истодаанд», — афзуд Б.Ҳакимова.
Ҳарчанд сироятёбии шаҳрвандон аз ин намуди беморӣ рӯзҳои охир дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳамзамон аз ҷониби масъулин бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус ҳамарӯза бурдани корҳои тамизгардониву безараргардонӣ боз ҳам пурзӯр карда шудаанд.









Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






