ИМРӮЗ – РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Имрӯз ба қабули Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» 20 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки ба дастгирӣ ва рушди санъати шашмақом саҳми муҳим гузошт. Имрӯз ба қабули қарори мазкур 20 сол пур шуд.
Мусиқии классикии тоҷик- шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12 май расман таҷлил карда мешавад. Ҳар сол дар мамлакати мо ба ифтихори ин ҷашн консертҳои бошукӯҳ баргузор мегардиданд, мутаассифона, имсол бо сабаби сирояти бемории коронавирус тамоми чорабиниҳо манъ карда шудаанд.
Аммо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақому фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи шашмақому фалак шароити мусоид муҳайё месозад.
Соли 1946 дар назди Кумитаи радио ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон ансамбли “Шашмақом” таъсис дода шуд. Ансамбл ҳамзамон ҳамчун студияи омӯзишӣ хидмат мекард, ки дар он ҷо мусиқии шашмақомро таълим медоданд.
Мусиқишиноси маъруфи тоҷик, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ зикр намуд, ки “мусиқии классикии мо, чӣ шашмақом ва чӣ фалак асосан санъати шифоҳӣ ба шумор мераванд ва маҳз аз ҳамин сабаб омӯхтани нозукиҳо ва ба шогирдон омӯзонидани онҳо малака ва услуби хос талаб мекунад. Масалан, дар консерваторияҳои Аврупо тамоми низоми таълим аз рӯйи нота ҷорӣ карда шудааст ва донишҷӯёну устодон танҳо тариқи хаттӣ, яъне аз рӯйи нота мусиқӣ меомӯзанд. Ҳар он чизе, ки дар нота навишта шудааст, айнан ҳамон гуна аз муаллим ба шогирд мегузарад. Аммо мусиқии классикии мо- шашмақом паҳлӯҳои хеле гуногунранги эҷодӣ, намунаҳо ва услубҳои мухталиф дорад. Ин ҳолат ба анъанаи фалакхонӣ ҳам алоқаманд аст, зеро чӣ дар Бадахшон, чӣ дар Хатлонзамин ва чӣ дар водии Рашту Мастчоҳи кӯҳӣ фалакхонӣ дорои услубҳои гуногун мебошад. Ин санъатҳо шифоҳӣ ҳастанд ва ин гуна падидаро омӯхта, ба шогирдон интиқол додан методикаи махсуси таълимиро талаб мекунад. Ин қарори Ҳукумати мамлакат ба он равона карда шудааст, ки мо дар баробари услубҳои академие, ки дар ҳамаи консерваторияҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд, услуби қадимии суннатии устод ва шогирдро истифода барем”.
Аслиддин Низомӣ иброз медорад, ки дар илми мусиқишиносӣ шашмақомро ҳамчун мусиқии классикӣ эътироф кардаанд ва бояд ёдовар шуд, ки дар тамоми миқёси ҷаҳон мусиқии классикӣ аз мураккаботи хеле зиёди оҳангсозӣ, маъниофарӣ ва рамзнокӣ бархӯрдор аст. Фарз кардем, дарк кардан, баҳра бурдан аз мусиқии опера, симфония ё сонатаҳои Бетховен, асарҳои Мотсарту Чайковский ва дигар оҳангсозон, ки дар сатҳи хеле баланди мураккаби бадеӣ офарида шудаанд, аз шунаванда омодагии хос тақозо мекунад. Мусиқии классикӣ дар ҳама ҷо ҳамин гуна аст, ки як қишри муайяни ҷомеа ба он майл дорад ва аз он баҳра мебарад.
Албатта, мусиқии шашмақом бо баён кардани мазмуни фарҳанги халқи тоҷик дар сатҳи санъати классикӣ меистад. Яъне, ин оҳангҳо тайи садсолаҳо аз ҷониби устодони мусиқӣ офарида шудаанду онҳоро наслҳои зиёди устодон давра ба давра сайқал дода, бо ашъори классикии форсии тоҷикӣ пайванд намуда, назму мусиқиро гӯё ба ҳам тавъам сохтаанд. Яке аз хислатҳои бузургтарини мусиқии шашмақом дар ин аст, ки оҳангҳои он низ мисли назми классикӣ маъниҳои ирфонӣ доранд. Худи номҳои оҳангҳои шашмақом, мазмуни онҳо, сохтори оҳангҳояшон, ки дар сатҳи мураккаботи бисёр душвори классикӣ офарида шудаанд, рамз доранд.
Ҳамчунин фалакхонӣ ҳам як ҷузъи мусиқии классикии мо ба шумор меравад. Яъне, ин мусиқӣ соф фолклорӣ нест, сохтори устодона дорад, маъниҳои волои иҷтимоӣ ва бадеӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз фалакхон ҳам бояд таълим гирад, таҳсил гирад, назди устод малакаи худ, истеъдоди худро рушд диҳад ва баъд аз он вай ба дараҷаи зарурии санъати фалакхонӣ расида метавонад.
Таъсиси мактаби устод ва шогирд аз ҷониби давлат ҷиҳати рушди минбаъдаи ду жанри мусиқии классикӣ як навъ ғамхории махсус аст. Шинохти он, тарғиб ва аз ҳама асосӣ- ба мардум дастрас кардани ин жанрҳо вазифаи кулли муассисаҳои фарҳангӣ — Иттифоқи композиторон, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин таълимгоҳҳои санъат мебошад.
Устодони барҷастаи шашмақом — Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ин санъати мусиқии миллиро ба арши аъло расониданд ва хушбахтона, имрӯз низ дар мамлакати мо шашмақомхонони маруф кам нестанд. Умед бар он аст, ки шашмақом-ин санъати аҷдодӣ аз насл ба насл ҳамчун мероси гаронбаҳои халқи тоҷик абадӣ пос дошта мешавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия тақвият дода мешаванд
Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд
Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






