ИМРӮЗ – РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Имрӯз ба қабули Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» 20 сол пур шуд

Май 12, 2020 15:46

ДУШАНБЕ, 12.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки ба дастгирӣ ва рушди санъати шашмақом саҳми муҳим гузошт. Имрӯз ба қабули қарори мазкур 20 сол пур шуд.

Мусиқии классикии тоҷик- шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12 май расман таҷлил карда мешавад. Ҳар сол дар мамлакати мо ба ифтихори ин ҷашн консертҳои бошукӯҳ баргузор мегардиданд, мутаассифона, имсол бо сабаби сирояти бемории коронавирус тамоми чорабиниҳо манъ карда шудаанд.

Аммо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақому фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи шашмақому фалак шароити мусоид муҳайё месозад.

Соли 1946 дар назди Кумитаи радио ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон ансамбли “Шашмақом” таъсис дода шуд. Ансамбл ҳамзамон ҳамчун студияи омӯзишӣ хидмат мекард, ки дар он ҷо мусиқии шашмақомро таълим медоданд.

Мусиқишиноси маъруфи тоҷик, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ зикр намуд, ки “мусиқии классикии мо, чӣ шашмақом ва чӣ фалак асосан санъати шифоҳӣ ба шумор мераванд ва маҳз аз ҳамин сабаб омӯхтани  нозукиҳо ва ба шогирдон омӯзонидани онҳо малака ва услуби хос талаб мекунад. Масалан,  дар консерваторияҳои Аврупо тамоми низоми таълим аз рӯйи нота ҷорӣ карда шудааст ва донишҷӯёну устодон танҳо тариқи хаттӣ, яъне аз рӯйи нота мусиқӣ меомӯзанд. Ҳар он чизе, ки дар нота навишта шудааст, айнан ҳамон гуна аз муаллим ба шогирд мегузарад. Аммо мусиқии классикии мо- шашмақом паҳлӯҳои хеле гуногунранги эҷодӣ, намунаҳо ва услубҳои мухталиф дорад. Ин ҳолат ба анъанаи фалакхонӣ ҳам алоқаманд аст, зеро чӣ дар Бадахшон, чӣ дар Хатлонзамин ва чӣ дар водии Рашту Мастчоҳи кӯҳӣ фалакхонӣ дорои услубҳои  гуногун мебошад. Ин санъатҳо шифоҳӣ ҳастанд ва ин гуна падидаро омӯхта, ба шогирдон интиқол додан методикаи махсуси таълимиро талаб мекунад. Ин қарори Ҳукумати мамлакат ба он равона карда шудааст, ки мо дар баробари услубҳои академие, ки дар  ҳамаи консерваторияҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд,  услуби қадимии суннатии устод ва шогирдро истифода барем”.

Аслиддин Низомӣ иброз медорад, ки дар илми мусиқишиносӣ шашмақомро ҳамчун мусиқии классикӣ эътироф кардаанд ва бояд ёдовар шуд, ки дар тамоми миқёси ҷаҳон мусиқии классикӣ аз мураккаботи хеле зиёди оҳангсозӣ, маъниофарӣ ва рамзнокӣ бархӯрдор аст. Фарз кардем, дарк кардан, баҳра бурдан аз мусиқии опера, симфония ё сонатаҳои Бетховен, асарҳои Мотсарту Чайковский ва дигар оҳангсозон, ки  дар сатҳи хеле баланди мураккаби бадеӣ офарида шудаанд, аз шунаванда омодагии хос тақозо мекунад. Мусиқии классикӣ дар ҳама ҷо ҳамин гуна аст, ки як қишри муайяни ҷомеа ба он майл дорад ва  аз он баҳра мебарад.

Албатта, мусиқии шашмақом бо баён кардани  мазмуни фарҳанги халқи тоҷик дар сатҳи санъати классикӣ меистад. Яъне, ин оҳангҳо тайи садсолаҳо аз ҷониби устодони мусиқӣ офарида шудаанду онҳоро наслҳои зиёди устодон давра ба давра сайқал дода, бо ашъори классикии форсии тоҷикӣ пайванд намуда, назму мусиқиро гӯё ба ҳам тавъам сохтаанд. Яке аз хислатҳои бузургтарини мусиқии шашмақом дар ин аст, ки оҳангҳои он низ мисли назми классикӣ маъниҳои ирфонӣ доранд. Худи номҳои оҳангҳои шашмақом, мазмуни онҳо, сохтори оҳангҳояшон, ки дар сатҳи мураккаботи бисёр душвори классикӣ офарида шудаанд, рамз доранд.

Ҳамчунин фалакхонӣ ҳам як ҷузъи мусиқии классикии мо ба шумор меравад. Яъне, ин мусиқӣ соф фолклорӣ нест, сохтори устодона дорад, маъниҳои волои иҷтимоӣ ва бадеӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз фалакхон ҳам бояд таълим гирад, таҳсил гирад, назди устод малакаи худ, истеъдоди худро рушд диҳад ва баъд аз он вай ба дараҷаи зарурии санъати  фалакхонӣ расида метавонад.

Таъсиси мактаби устод ва шогирд аз ҷониби давлат ҷиҳати рушди минбаъдаи ду жанри мусиқии классикӣ як навъ ғамхории махсус аст. Шинохти он, тарғиб ва аз ҳама асосӣ- ба мардум дастрас кардани ин жанрҳо вазифаи кулли муассисаҳои фарҳангӣ —  Иттифоқи композиторон, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин таълимгоҳҳои санъат мебошад.

Устодони барҷастаи шашмақом — Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ин санъати мусиқии миллиро ба арши аъло расониданд ва хушбахтона, имрӯз низ дар мамлакати мо шашмақомхонони маруф кам нестанд. Умед бар он аст, ки шашмақом-ин санъати аҷдодӣ аз насл ба насл ҳамчун мероси гаронбаҳои халқи тоҷик абадӣ пос дошта мешавад.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Май 12, 2020 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид