Корхонаҳои ангишти мамлакат дар мубориза бо COVID-19 саҳм гузоштанд

Май 19, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноати ангишти Тоҷикистон ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷмуъ 172,0 ҳазор сомонӣ гузарониданд. Ин ташаббуси корхонаҳои саноати ангишти мамлакат бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба суартҳисоби махсус корхонаҳои ангишти «Шахтаи Фон-Яғноб» -150 ҳазор сомонӣ, «Ангишти Камароб»- 2 ҳазор сомонӣ, корхонаи «Ангишт»  ва «Комбинати металлургии тоҷик» 10 ҳазор сомонӣ маблағ гузарониданд. Ҳамзамон аз ҷониби корхонаи ангишти «Шахтаи Фон –Яғноб» 2 адад таҷҳизоти нафаскашӣ (ИВЛ) ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ супорида шуд.

Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда корхонаҳои саноати ангишти ҷумҳурӣ дар оянда низ кумакҳои беғаразонаи худро барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ, пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ аз ин вабои аср дареғ надошта, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Май 19, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид