КОВИД-19. Волонтерон дар Тоҷикистон омодаанд ба одамони маъюб, камбизоат ва эҳтиёҷманд кӯмак расонанд
ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади анҷом додани хизматрасониҳои машваратӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19 таъсис дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Дилноза Аҳмадзода хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, маркази хизматрасонии волонтёрон бо мақсади расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани маълумоти саривақтӣ ва бо маълумоти пешгирикунанда таъмин намудани сокинони мамлакат 24 соат ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Дар маркази мазкур телефонҳои боварии (837) 880 60 38 шабонарӯзӣ фаъолият намуда, волонтёрони ташкилот, ки аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд, ба саволҳои шаҳрвандон посух дода, инчунин ба маъюбон, шахсони барҷомондаву ниёзманд хизматрасониҳои иҷтимоиро ба таври ройгон ба сомон мерасонанд.
Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки иқдоми мазкур дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






