Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо ҳамроҳии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти як зумра дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ шинос гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Суғд як зумра ширкатҳое фаъолият мебаранд, ки маводи дорувориро вориди бозорҳои вилоят менамоянд. Яке аз чунин ширкатҳои фаъол ҶДММ «Азия Фарм» мебошад, ки айни замон дар анборҳои он миқдори зиёди доруворӣ захира карда шудааст. Дар аснои боздид аз ширкати мазкур таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят садҳо нуқтаҳои фурӯши доруворӣ фаъолият дорад ва сокинон аз хизматрасонии онҳо истифода менамоянд.
Раиси вилоят бо назардошти вазъи мавҷуда таъкид кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти дорухонаҳо таҳти назорати масъулин қарор дорад.
Зикр гардид, ки барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси COVID-19 лавозимоти зарурии тиббӣ ва маводи доруворӣ захира гардида, дар сурати лозимӣ иловатан аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доруҳо харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ба Раёсати тандурустии вилоят дастур дода шуд, ки фаъолияти дорухонаҳои ҳудуди вилоятро назорат намуда, аз ба таври сунъӣ боло бурдани бархе номгӯи доруҳо сари вақт пешгирӣ карда шавад.
Сипас муовини Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят аз ҶДММ «Дурахшон Бӯстон» боздид намуданд. Дар ин корхонаи саноатӣ, ки ба истеҳсоли қоғази ташноб ва салфеткаҳо машғул аст, даҳҳо нафар кор мекунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ва Ширин Исматуллозода зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва тибқи талаботи бозор истеҳсол намудани он ба масъулини корхона тавсияҳои муфид доданд.









Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






