МУРОҶИАТНОМАИ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон, донишҷӯён, устодон, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли маорифи мамлакат

Май 22, 2020 17:23

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии мамлакатро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки «Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем» аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд. Ин пораест аз Муроҷиатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст. 

Матни пурраи муроҷиатнома чунин аст:

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми мамлакат!

Тавре ки огаҳӣ  дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, ҳоло вориди мамлакати мо гардидааст.

Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. Вазорат бо андӯҳи гарон ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон изҳори таслият намуда, ба онҳо сабру бурдборӣ хоҳон аст.

Бемории мазкур имрӯз тамоми инсониятро дар ҳолати ногувор қарор дода, боиси коста гардидани раванди рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар тамоми олам гардидааст. Тамоми олимону муҳаққиқон, табибону ҷомеашиносон ва коршиносону сиёсатмадорони дунё талош бар он доранд, ки ин мусибатро аз сари аҳли башар дур бисозанд.

Ба андешаи Саъдии Шерозӣ:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми неруи худро ба он равона кардааст, ки шаҳрвандонашро аз ин беморӣ ҳифз намояд ва барои ташхису табобати онҳо шароити мусоиде фароҳам созад. Доир ба ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ назару андеша ва таъкидҳои хешро бори дигар баён карда, аз ҳар сокини мамлакат ҷиддан даъват карданд, ки оромии рӯҳию равонии худро ҳифз намуда, ба таҳлукаю воҳима наафтанд.

Сарвари мамлакат зимни суханронӣ бо қаноатмандӣ аз мардуми Тоҷикистон ҷиҳати дастгирию риояи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати мамлакат чунин ибрози назар карданд: «Дар ҳоле ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад».

Дар заминаи ҳамин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки «Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем» аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.

Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд.

Падару модарони азиз, бо арзи адаб ба шумо муроҷиат карда, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии давлат ва оламро дуруст дарк намоед, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоред ва ба онҳо муносибату муоширати хуб карда, дар ин лаҳзаҳои душвор кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.

Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда, аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед.

Дар баробари ин, хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед. Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд.

Волидайни муҳтарам, вақтро барои фарогирии дониши фарзандони худ самаранок истифода баред, рафтори ҳамарӯзаи онҳоро назорат карда, кӯшиш намоед, ки фарзандони шумо бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тамошои филмҳои дорои мазмуни тарбиявию ахлоқӣ ва барномаҳои телевизионии таълимӣ сарф кунанд. Дар муҳити хона нигаҳ доштани фарзандон сабаби  ҳифзи саломатии онҳо, хонавода ва аҳли ҷомеа мегардад.

Муҳтарам роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар чунин рӯзҳои ҳассос бо дарки масъулият бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳм гузоред ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум тадбирҳои зарурӣ андешед.

Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем ва дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ба рӯзҳои неку пурсаодати миллату меҳан хоҳем расид.

Май 22, 2020 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад