Ноҳияи Хуросон: Хонаву ҳавлиҳои сокинон аз селовардаҳо пок карда мешаванд

Май 23, 2020 15:19

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 53 нафар сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ)  хонаҳои  42 хонаводаро аз обу лойқа  тоза карданд, хабар додан ба АМИТ «Ховар» дар КҲФ.

Нақлиёти аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва КҲФ ҷудошуда 180 метр заҳбуру заҳкаш, 63 метр канали обгузарро тоза карданд. То бегоҳи рӯзи 22-уми май Хадамоти муҳофизат аз селҳо 659 маҷрои канал дар мавзеи офати табииро соҳилбандӣ намуд. Инчунин, теппаҳои муҳофизатии канали Хоҷақалъа барқарор карда шуданд. Хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳияи Хуросон дар маҷмуъ 250 метр роҳи деҳаи Н.Асадуллоро аз лой пок намуд, инчунин 1500 метр роҳои байникучавиро тахту ҳамвор намуд.

Беморхонаи №5 ҷамоати деҳоти С.Айнӣ аз  хоку лой тоза карда шуда, деворҳо ва дарахтон сафед карда шуданд.

Хадамоти энергетикии ноҳия дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти С.Айнӣ 10 адад пояҳои бетонӣ   насб кард ва дар сохтмони хатҳои интиқоли қувваи барқ бо дарозии 1,5 км ва кашидани хати интиқоли қувваи барқ бо дарозии 3 км корҳо оғоз гардиданд.

Аз ҷониби Шуъбаи дезинфексияи ноҳия дар деҳаи Н.Асадулло  130 хона ва иншоотҳои ёрирасон, шаҳрчаи хаймавӣ  инчунин, дар деҳаи Хуросон 20 хона ва иншотҳои ёрирасон, кӯчаю роҳравҳо, беморхонаи № 5 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақа идома доранд.

Май 23, 2020 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад