ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Раиси вилояти Хатлон маоши якмоҳаи худро ба фонди мубориза ба COVID-19 гузаронд
ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, маоши якмоҳаи худро гузаронид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгоҳи раиси вилоят низ ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои фарогир ҳамбастагӣ эълон намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза алайҳи ин вируси марговар як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба ин суратҳисоб интиқол диҳанд.
Тавре 2 май зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ Қурбон Ҳакимзода баён дошт, барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Инчунин барои дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
Раиси вилоят ба аъзои ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки вобаста ба ҳолати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият (бо истифода аз техникаву технологияи мавҷуда), бозору нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркаш, кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, махсусан аз ниқоб истифода намудан ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо, таъмини роҳрави безараргардонӣ ва маводҳои антисептикӣ чораҳои бетаъхир андешида шавад.
Тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои назоратиро дар ин самт пурзӯр намоянд, аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ худдорӣ варзида, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити арзандаи кориро барои табибон дар маҳал муҳайё намуда, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кумаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






