РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Шоири кӯдакон, марди бузургҷуссаи кӯдакхисол Убайд Раҷаб имрӯз ба синни 88 мерасид, агар зинда мебуд…

Май 15, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 май  дорандаи  Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (соли 1977),    Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҳ.К. Андерсен (1983), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982), Шоири халқии Тоҷикистон (1994) ва  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1962) адиби маҳбуби бачаҳо Убайд Раҷаб, агар зинда мебуд, ба 88-солагӣ мерасид…

Убайд Раҷаб 15  майи соли 1932 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.  Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) гардида, онро соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст.

Соли 1961 бо даъвати бевоситаи устоди шоирон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ба кор гузашта, дар оғоз мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас иҷрокунандаи вазифаи котиби масъули он будааст.

Соли 1966 дар Анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин гардида, муддати беш аз 13 сол, аниқтараш то моҳи майи соли 1979 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст.

Убайд Раҷаб асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Орзуҳои ширин» соли 1958 нашр шудааст. Ва баъди он китобҳои ӯ бо номҳои «Қиссаҳои модаркалон», «Ҳамсуҳбати ширинзабон», «Нинӣ чӣ ном дорад?», «Саду як барг», «Рӯи замин», «Хӯшаи гандум», «Ману ҷӯраҳои ман», «Як дона марворид», «Тирукамон дар рӯи бом», «Тӯшае аз ҳар гӯшае», «Арчамайдон», «Модарам», «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?», «Як лаълӣ марҷон», «Себаки ғелон», «Нақши қалам», «Ҳадяи бобо», «Олуча – гули бодом» яке паси дигар рӯйи чоп омаданд.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғ. барои калонсолон офарида шудаанд.

Номбурда дар достонсароӣ низ худро санҷидааст ва достонҳои «Шабчароғ», «Замин» ҳосили ҳамин санҷишҳо буд, ки дар мавзӯи тарбияи наврасон эҷод шудаанд. Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Москва, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд.

Аз миёни ҳама шеърҳояш шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…»,  ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Убайд Раҷаб тарҷумони хуб ҳам буд ва даҳҳои шеърҳои кӯдаконаро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Вай яке аз таҳиягарони «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» буд, ки дар ҳаҷми 5 ҷилд ба чоп расид. Инчунин бунёдгузори Конуни кӯдакони Тоҷикистон (1987-1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.

Яке аз шогирдони устод Убайд Раҷаб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз фаъолият, осори гаронбаҳо ва некиву ҷавонмардиҳои Убайд Раҷаб ёдовар шуда, таъкид намуд, ки шоири зиндаёд адабиёти кӯдаконро ба марҳалаи нав раҳнамун сохта, дар тарбияи даҳҳо шоиру нависандагони ҷавон саҳм гузоштааст. Номбурда зикр кард, ки Убайд Раҷаб ба рушди эҷодиёти адибони ҳамкор эътибор медод ва гоҳу ногоҳ таъкид мекард, ки бисёр нахобему асарҳои хуб нависем, ба дигарон намуна шавем. Беҳ шудани рӯзгори мусаҳҳеҳон, ки ҳар шумораи маҷалларо се-чор маротиба  бо маоши ночиз мутолиа мекарданд, аз мадди назари муҳаррири дилвасеъ ва хайрхоҳ дур намемонд. «Инҳо ҳам баумеданд» мегуфт ва барои аз ҷиҳати молиявӣ андаке дастгирӣ кардани онҳо тадбир меандешид. Супориш медод, ки барои шуморае ахбори фарҳангӣ нависанд. Ва навиштаҳои онҳоро бо таҳрири зиёд, балки шудгори ҷумлаҳо, чопбоб карда, ба нашр мерасонд ва ба номашон ҳаққи хуби қалам ҳам мемонд.

«Воқеан муаллим пайкари бузургу дили софи кӯдакона дошт. Ва зимни вохӯрӣ бо мактаббачаҳо медидем, ки ҳангоми шеърхонӣ чашм, абрӯ, лабу рӯйи ӯ чӣ хел ба ҷунбиш омада, як марди паҳлавонҷусса дарҳол ба писараки содаи саропо гирифтори ҳаяҷону ҳиссиёт ва шавқу сурур табдил меёбад.

Мутаносиб ба тану тӯши паҳлавонона устод иштиҳои хуб дошт. Ӯ баъзан аз себи ҷавпазаки боғаш барои мо, «шербача»-ҳояш, савғотӣ оварда, даҳони халтачаи пурмеваро кушода, «гиред- гиред» гӯён, аввал худаш аз думчаи як себи сурху сафеди хушбӯ дошта, усули дуруст газидану хӯрдани онро ба мо, шогирдонаш, нишон медод. Вай он себро яклухт ба даҳон андохтаву қарс-қарс хоида ва шираву дилаи онро фурӯ бурда, бо нигоҳи кӯдаквор рахшону беғаш таъкид мекард: «Себро ана ин хел мехӯранд… Ҳамааш дору».

Баъзан чун деҳқонзодаву бачаи кӯҳистон аз хосияти шифоии гиёҳҳо гап мезад ва албатта, моро бо чойи хушбӯйи ишму ҷамбилак ва ё барги бурс зиёфат медод»,- бо некӣ ёдоварӣ кард Абдулҳамид Самад.

Ба нақли шогирдаш, устод Убайд Раҷаб кӯдаконро дӯст медошт. Тамоми фикру зикраш побанди пурқуввату рангин кардани адабиёти бачаҳо буд. Ва солҳои ҷавониямон аз мо шумораи меросхӯрон, яъне фарзандонро мепурсид, солҳои охир ӯ, албатта, аз мо шумораи набераҳоямонро донистан мехост. Чун мегуфтем, ки боз якта зиёд шуд, аз ин мужда чашмонаш нур мегирифт, механдиду табрикамон мекард: «Муборак, зиёда шавад! Ана, ин гапи дигар». Ва агар гирди хони зиёфат нишаста бошем, ҳангоми бархестан маҷбур мекард, ки барои набераҳо қандина бигирем. Хоҳишашро, ки баҷо меовардем, бо шодиву сурур хитоб мекард: Ана, бобо ин хел мешавад!

Охири умр устод Убайд Раҷаб бемори бистарӣ шуд. Дардаш вазнин буд ва муаллим инро медонист, вале бо иродаву мушкилнописандии зотӣ дар ин ҳолати талху душвор рустамона ба иншои китоби хотираҳо аз рӯзгори устодон Турсунзода, Миршакар, Раҳимзода камар баст, чизҳои хубе навишт.

«Боре бо Камол Насрулло ба аёдати устод рафтем. Вазъи саломатиаш нохуб  буд, харобу хазон менамуд. Лек нолишу шиква намекард. Пас аз ҳолпурсии мову наберагонамон аз таги болин шумораи нави маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро баровард ва бо дилсӯзӣ аз ҳусну қубҳи маводи он суҳбат орост. Убайд Раҷаб нашри ҳар шумораи маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро мисли чопи китоби нави худ интизор мешуд.

Оре, дар ҳама маҳфилу ҳамойиши адибон мо устод Убайд Раҷабро ҳамеша бо некӣ ба ёд меорем. Ба ёд меорем, ки ӯ шоири маҳбуби бачаҳо буд ва ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», котиби Иттифоқи нависандагон, мудири Шӯрои  адабиёти кӯдакону наврасон дар рушди адабиёт, дастгириву тарбияи адибони ҷавон, нашри панҷҷилдаи «Тазкираи адабиёти бачаҳо» хидматҳои босазое кард. Ёдаш ба хайр!»,-зикр кард Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.

Убайд Раҷаб 11 августи соли 2004 аз олам даргузашт.

Ба хотири зиндаву ҷовид гардондани номи шоири шаҳир, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 — и шаҳри Душанбе ба номи ин шоири зиндаёд гузошта шудааст.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

ТО ҲАСТ ОЛАМЕ, ТО ҲАСТ ОДАМЕ

То ҳаст оламе, то ҳаст одаме

Ҳар дам бар рӯйи ман

Гӯяд адӯи ман,

К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад,

Нобуд мешавад.

Бовар намекунам!

Бовар намекунам!

Бовар намекунам!

Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур,

Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур,

Лафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсор,

Лафзе ба сони бӯсаи ҷонпарвари нигор,

Ширинтару лазиз,

Аз тунги шаккар аст,

Қиматтару азиз

Аз панди модар аст.

Зеб аз бунафша дораду аз нозбӯй бӯй,

Софӣ зи чашма ҷӯяду шӯхӣ зи оби ҷӯй.

Нав-нав таровате бидиҳад

Чун сабзаи баҳор,

Форам, чу савти булбулу дилбар чу обшор

Бо ҷӯшу мавҷи худ,

Мавҷе чу мавҷи рӯд,

Бо сози тоби худ,

Бо шаҳди ноби худ

Дил об мекунад,

Шодоб мекунад.

Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд,

Лафзе, ки пеши ҳар суханам оварад суҷуд.

Чун ишқи дилбарам,

Чун хоки кишварам,

Чун завқи кӯдакӣ

Чун байти Рӯдакӣ,

Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш,

Чун шӯълаҳои нарми саҳар мепарастамаш.

Ман зиндаву зи дидаи ман

Чун дуд меравад?

Нобуд мешавад?

Бовар намекунам!

Номаш барам ба авҷи само мерасад сарам,

Аз шавқ мепарам,

Сад марди мӯътабар

Ояд бари назар,

К-онро чу лафзи байту ғазал

Иншо намудаанд.

Бо панди Саъдиям

Бо шеъри Ҳофизам,

Чун ишқ оламе ба ҷаҳон

Эҳдо намудаам.

Сарсон машав адӯ,

Қубҳе зи ман маҷӯ,

К-ин ишқи пок дар дили дилпарвари ҷаҳон

Монад ҳаме ҷавон

То ҳаст одаме,

То ҳаст оламе.

ДАР АКС аз чап ба рост: Маҳмадулло Холов, Гулрухсор, Аҳмад Бобоқулов ва Убайд Раҷаб.

ДАР АКС: Маҳмудҷон Воҳидов, Чингиз Айтматов ва Убайд Раҷаб. Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Қирғизистон. Бишкек 20 сентябри соли 1976.

ДАР АКС: Убайд Раҷаб ва Сотим Улуғзода.

ДАР АКС: Убайд Раҷаб бо ҳамсараш Бибираҷаб ва фарзандонаш Нигина, Иқбол ва Барно, соли 1977.

Май 15, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф
НОМ ЧУ ҶОВИД ШУД… Агар умр вафо мекард, имрӯз булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир 75-сола мешуд
РЎЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ: Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст
«ҲАСТ ФАРЗАНДЕ МАРО ҲАМ ҚАҲРАМОН». Бозгӯи рӯзгори Розия Озод — модаре, ки аллома ва Қаҳрамони Тоҷикистонро ба дунё овардааст
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ба зодрӯзи яке аз ходимони давлатӣ Алишер Ёрбобоев 70 сол пур шуд
ГЕНЕРАЛ ҶӮРАХОНЗОДА. Ба Рӯзи милитсияи тоҷик бахшида мешавад
29 ОКТЯБР – РӮЗИ КУРУШИ КАБИР. Эъломияи ҳуқуқи башари ин қаҳрамони миллати мо дар илми ҳуқуқшиносии ҷаҳон беназир аст
МУБАЛЛИҒИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АВРУПО ВА АМРИКО. Агар умр вафо мекард, имрӯз профессор Манфред Лорентс ба синни 91 мерасид…