Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд оид ба маблағгузорӣ барои рушд дар давраи COVID-19 иштирок ва суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2020/АМИТ «Ховар»/. 28 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар машварати сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони «Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони COVID-19 ва марҳалаҳои минбаъда» ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва Сарвазири Ҷамайка Эндрю Холнесс доир карда шуд.
Дар машварат ҳайатҳои намояндагии давлатҳои узви СММ, аз ҷумла роҳбарон ва сарвазирони Тоҷикистон, Олмон, Франсия, ҶАҶ, Япония, Италия, Британияи Кабир, Покистон , Қирғизистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва ғайра, инчунин роҳбарони Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳон ширкат варзиданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар машварат оид ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар изҳори назар кард.
Машварат дар се бахш гузаронида шуд. Дар Бахши аввал роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо оид ба омодагии худ дар роҳи мусоидат ба ҳалли масоили глобалӣ ҷиҳати мубориза бо буҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои он барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ изҳори назар намуданд. Дар Бахши дуюм роҳбарони сохмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Бахши сеюм низ бо иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо сурат гирифт ва ба андешидани тадбирҳои зарурӣ рабт дошт.
Дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд қарору тасмимҳои вобаста ба вазъи фавақулодаи бар асари пандемияи COVID-19 баамаломада ва рафъи оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.











Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






