Роҳҳои пешгирӣ аз авҷи дубораи COVID-19: Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Маслиҳати мутахассис» аз Радиои «Ховар»

Июнь 19, 2020 08:19

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бемории сироятии каронавируси нави СOVID-19, ки имрӯз кишварҳои зиёди оламро фаро гирифта, аз таъсири он талафоти зиёди ҷониву молӣ дида шуд, яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Бо кӯшиш ва заҳмати мутахассисони соҳа, бахусус табибон ва олимон, инчунин риояи меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ имрӯз теъдоди сироятёфтагони бемории COVID-19 дар сатҳи ҷаҳонӣ то андозае кам шуда, аҳолӣ ба ҳаёти муқаррарии худ баргашта истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шумораи беморони каронавируси нави COVID-19 рӯ ба камшавӣ ниҳода, теъдоди беморони ин навъи вирус аллакай дар беморхонаҳо башумор мондаанд. Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки беаҳамиятии бархе аз шаҳрвандон нисбат ба роҳҳои пешгирии бемории COVID-19 метавонад барои мубориза бо ин беморӣ мушкил эҷод кунад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба роҳҳои пешгирии авҷи дубораи каронавируси COVID-19 имрӯз соатҳои 08:30, 17:30 ва 21:30 дар барномаи «Маслиҳати мутахассис» – и радиои «Ховар»  бо иштироки сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакима Ахмедова дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Июнь 19, 2020 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад