ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ашт барои 620 хонанда мактаб сохта мешавад

Июнь 17, 2020 14:38

ДУШАНБЕ, 17.06.2020. /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд. Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз аст, ки бо ҷалби соҳибкорон барои 620 хонанда сохта мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бино аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт таҳия гардида, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 12 млн. сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 1442,9 метри мурабаъ буда, иншоот аз се ошёна иборат мебошад.

Ҳамчунин иншооти дигари ҷашнӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар шаҳраки Шайдони ҷамоати шаҳраки Шайдон аст ва он аз тарафи Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои 360 хонанда сохта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки  лоиҳаи бино аз тарафи ҶСК «Суғд-Интис» омода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Парвина»-и ноҳияи Ашт бар уҳда дорад.  Маблағи лоиҳавии иншоот зиёда аз 8 млн. 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва масоҳати умумии он 486 метри мураббаъ аст. Бинои нав сеошёна буда, дорои толори варзишӣ ва ошхона мебошад.

Июнь 17, 2020 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид