Дар Екатеринбург робитаҳои иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Челябински Федератсияи Россия зимни мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини Вазири рушди иқтисоди вилояти Челябинск Дмитрий Глухарёв, ки бо ибтикори ҷониби россиягӣ доир шуд, баррасӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгариии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Челябинск зоҳир гардид. Тазаккур дода шуд, ки аз нигоҳи содироти молу маҳсулот бо Тоҷикистон дар соли 2019 вилояти Челябинск дар миёни ҳамаи минтақаҳои Россия ҷойи ҳаштумро ишғол намуд.
Дар айни замон ду санади ҳамкорӣ мавриди амал қарор доранд. Ин ду санад Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ аз 14 сентябри соли 2010 ва Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноати Урали Ҷанубӣ аз 17 майи соли 2007 мебошанд. Сарфи назар аз ин, дар мавриди иштироки субъектҳои хоҷагидории вилояти Челябинск дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба пешбурди раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва дар соҳаи рушду тавсеаи интиқоли маҳсулоти хушсифати кишоварзии тоҷик ба минтақаи Урали Ҷанубӣ имконоти мавҷудаи фарох ҳанӯз хеле кам истифода мешавад.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба пешбурди раванди омодасозии Форуми (Ҳамоиши) роҳбарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки баргузориаш дар шаҳри Челябинск дар соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, диққати асосӣ доданд.








Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид»
Сафири Тоҷикистон бо вазири Девони амирии Давлати Кувайт шайх Ҳамад Ҷобир Ал-Алӣ Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Риёз масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин ва Лю Бин маҷмуи васеи масоили равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд
Сафири Тоҷикистон бо сармуҳаррири рӯзномаи «Ар-Раъй»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Лаҳистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд






