Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли афшура ва консерва аз помидор ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Қалъача»-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ният доранд, ки аз 1 гектар кишти помидор 50 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намоянд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Тавре роҳбари хоҷагӣ Аҳмадҷон Ахмедов иброз дошт, айни замон чиниши помидор ҷараён дошта, маҳсулоти пухтарасида аз 500 гр. то 1,5 кг вазн доранд. Маҳсулоти дар ин ҷо истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои кӯҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии «Қалъача» яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тонна помидорро пешниҳоди харидорон менамояд.

Имсол хоҷагидорон ният доранд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монанд. Истеҳсоли афшура ва консерва аз помидорҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мизоҷон пешниҳод гардад.
Ёдовар мешавем, ки кишоварзони ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон дар масоҳати 200 гектар навъҳои серҳосили помидорро кишт карда, дар таъмини бозори истеъмолӣ нақши назаррас гузоштанд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






