Дар вилояти Хатлон 23 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли равон 23 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 228 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода мешавад. Моҳҳои январ-апрели имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 2,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 269,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 11,2 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 9,7 фоизро ташкил дод.
Барои ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар якҷоягӣ бо соҳибмулкони онҳо тадбирҳо андешида, то имрӯз корхонаҳои «Дилкушо», ҶДММ «Бофанда», «Сомон ҒМ» ва «Самар» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ фаъолияташонро дубора эҳё намуданд.
Дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонда шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад.
Дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонда шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати мамлакатро ташкил медиҳад.
Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 фоиз, истеҳсоли неруи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.








ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






