Директори Институти Осиё ва Аврупои АМИ Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ: «Филми «Хиёнат» симои аслии ТТЭ ҲНИ-ро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онро фош сохт»

Июнь 23, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як давраи гузариши печидаеро аз сар гузаронид, ки дар саҳифаҳои таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд. Ин давра, торикиеро мемонад, ки аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки бо душманон ҳамроҳ шуданд ва  ниятҳои разилонаву амалҳои нопоки онҳоро нисбат ба Ватану миллати тоҷик анҷом доданд. Ин афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро бероҳа намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайни онон ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. Наворҳои овардашуда дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баёнгари гуфтаҳои болост, иброз дошт директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, коршиноси масоили сиёсӣ Ёрмаҳмад НИЁЗӢ дар суҳбат ба АМИТ «Ховар».

Дар идома мавсуф чунин изҳори андеша намуд:  

— Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ  (ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.

Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос,  аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд.

Ин филм чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.

Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институти Осиё ва Аврупо

Филм ба қисматҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мекунад. Дар қисмати якум оид ба амалҳои терористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, бо далелҳо ва  шоҳидони ҳодиса тасдиқ мекунад, ки воқеан ҳам ҳадафи онҳо ба таври зурӣ ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ин росто шоҳидони ҳол, онҳое, ки маблағҳои  ҳангуфтро таввассути писари Кабирӣ барои анҷом додани ин амали террористӣ ба Абдуҳалим Назарзода дода буданд, бо далелҳо тасдиқ мекунанд. Рафти ҳодисаҳои рӯи навор омада хиёнати ин гурӯҳи ҷинояткор ва фурухташударо ошкор месозад, ки барои насли имрўзи мо сабақи калони таърихист.

Дар қисмати дуюми филм дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар, ки баъди аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон шуданаш роҳандозӣ шудааст, ҳикоят мекунад. Баъди аз пайгирии қонунӣ дар хориҷи кишвар пинҳон шудан, наҳзатиён худро ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағ гирифта, барои “муборизаи сиёсӣ”-и навбатӣ Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд. Тавассути шоҳидони ҳол дар мавриди амалҳои онҳо дар хориҷи кишвар низ факту далелҳои раднашаванда пешниҳод гардидааст, ки чӣ гуна бар зидди давлату миллат фаъолият мебаранд ва мехоҳанд, ки боз Тоҷикистонро ба коми оташ кашанд.

Дар қисмати сеюми филм дар бораи ба дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумот дода шудааст. Гуфта мешавад, ки чӣ гуна ин сомонаҳо-«Ахбор.ком», «Ислоҳ.нет», «Кимиёи Саодат», “Паём.нет”, “Наҳзат.ру”,  ки аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон ҳамчун сомонаҳои хусусияти террористидошта эътироф шудаанд, аз ҷониби ҲНИ маблағгузорӣ шуда, бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои ғаразаноки беасос  чоп карда, ақидаҳои зиддимиллии наҳзатиёнро тарғибу ташвиқ мекунанд.

Дар доираи ин филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гарвгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир нест, магар инсони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт. Мардуми тоҷик бори дигар мутмаин гаштанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо  хиёнати худ ба миллату давлати дар ҷомеа ҷойгаҳ нахоҳад ёфт.

Маводи мазкурро ҳамагон, ба хусус ҷавонони худогоҳу ҳудшиноси кишвар тамошо карданд ва умед дорем, ки онро боз ҳам амиқтару дақиқтар бо идроки қавӣ ва биниши чуқур таҳлил намоянд. Ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, то пеш аз ба ҳар кошона ва остонае по ниҳодан сараввал андеша намояд. Ин таҳлилҳои мо баҳри такмил додани насли наврас, ободии кишвари азиз ва рушду нумӯъ ёфтани сарзамини мо мебошад.

Хиёнат ба гуфтаи Акбар Турсон, ин аст, ки «хиёнатро ба номи худаш хиёнат гуфтан даркор аст, ин вожа синоними берангу беҳарорат аст! Субъекти хиёнат багона ё бегона, ғадрро дониста кард ё надониста, муродаш нек буд ё бад, илаташ ҷаҳолати таърихӣ буд ё разолати шахсӣ, таконаш аз дарун буд ё берун, барои пасиниён фарқе ё тобише надорад».

 

Июнь 23, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст