«Гиряи абру хандаи навбаҳор». «Куллиёт»-и шоир Тулқин Хоҷа аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» ба тозагӣ «Куллиёт»-и шоири зиндаёд Тӯлқин Хоҷаро аз чоп баровард, ки фарогири мероси адабии рангину дилнавоз ва саршор аз ситоиши ёру диёр аз забони муаллиф мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Куллиёт»-и шоирро барҳақ метавон номаи иршод номид, зеро ашъори ӯ хонандаро ба роҳи рост, ба накӯкорию зебопарастӣ, ватандӯстӣ ҳидоят мекунад. Ин китоб бо фарогирии мероси адабии рангину дилнавоз хонандаро ба шеваи олами пуршебу фароз ва доғи ҳиҷрону ҳасрату сӯзу гудоз, муҳаббату вафодорӣ ба ёру диёр, гиряи абру хандаи навбаҳор, ситоиши ҳамдиёрону соҳибдилони накӯкор ошно месозад.
Мутолиаи китоб дар дили ҳаводорони назми баланд эҳсоси меҳанпарастӣ ва худшиносии миллиро бедор месозад.
Масъули чоп шогирди муаллиф Асадулло Раҳмон ва мураттиб Сафар Амирхон мебошанд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба ин китоби хонданию мондагор охирсухани манзум навиштааст.
Хотиррасон мешавем, ки маҷмӯаи ашъори муаллими мактаби деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Тӯлқин Хоҷа соли 2013 низ бо кӯшишу эҳтимоми шогирдаш Асадулло Раҳмон дар нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд, ки бозгӯи зиндагиномаи муаалиф аст. Дар навбати худ, зиндагиномаи шоир намунаи барҷаста ва гӯёи пайванди қавӣ ва ногусастании ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек буда метавонад.
Тӯлқин Хоҷа фарзанди миллати ӯзбек буд, вале дар мактаби деҳа (мактаби №5-и ноҳияи Данғара) аз забону адабиёти тоҷик дарс мегуфт ва шеърҳояшро низ ба забони тоҷикӣ иншо намудааст. Ва шеърҳои хуб навиштааст. Устоди сухан Бозор Собир дар як суҳбат бо мо гуфта буд: «Шеърҳои Тӯлқин Хоҷа намунаи беҳтарини ашъори шоирони маҳаллии мост».
Мансур СУРУШ,
Тағойназари БАҚО,
АМИТ «Ховар»








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






