Маҳмадшариф Хақдод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои ИДМ ширкат намуд

Июнь 17, 2020 11:07

ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳод  дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус, намояндаи доимии ваколатдори ҶТ дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ Маҳмадшариф Хақдод ширкат намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ҷаласа дар шакли видеоконфронс сурат гирифт.

Дар он Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳод Виктор Гусманский иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи муштараки чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор оид ба татбиқи дастурҳое, ки аз қарорҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз 12 майи соли 2020 бармеоянд, инчунин пешниҳодҳои дар рафти иҷлосия  ибрознамудаи сарони ҳайатҳоро тасдиқ ва рӯзномаи мулоқоти навбатиро мураттаб намуданд.

Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор инчунин пешниҳодҳоро ба лоиҳаҳои рӯзномаҳои ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар назар аст 15 ва 16 октябри соли 2020 дар шаҳри Тошканд баргузор шаванд,  баррасӣ намуд.

Мутобиқи нақша лоиҳаҳои рӯзномаҳои ҷаласаҳои дар пешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор моҳи июли соли 2020 мураттаб хоҳанд шуд.

Илова бар ин, масъалаи тақсимоти вазифаҳои квотавӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар байни давлатҳои иштирокчии ИДМ, инчунин пешниҳоди ҷониби Россия дар мавриди зарурияти таҷдиди Муқаррарот дар бораи Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор ва як қатор масоили дигар муҳокима шуданд.

 ДАР АКС: Маҳмадшариф Ҳақдод. Акс аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Июнь 17, 2020 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд