МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Оғози семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ

Июнь 11, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 июн бо мақсади омодагӣ ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ: роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон семинарҳои омӯзишӣ оғоз шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ семинарҳои омӯзишӣ то 18 июни соли равон дар 26 нуқта (муассисаи таълимӣ)-и 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ доир шуда,  дар он 21 корманди Марказ ва 26 тренер (аз ҷумлаи кормандони муваққатии қаблан омӯзишдида) ҷалб карда шудаанд. Шунавандагони семинарҳои омӯзишӣ ба 105 гурӯҳ тақсим шуда, ба  ҳар як гурӯҳ  2 рӯз машғулиятҳо гузаронида мешавад.

Пас аз анҷоми машғулиятҳо дар асоси талаботҳои муқарраршуда донишу маҳорати шунавандагон санҷида шуда, шахсони арзанда ба  вазифаҳои муваққатии роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури калони имтиҳон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ қабул карда мешаванд.

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 48 маркази имтиҳонӣ ташкил шуда, фаъолияти марказҳо аз 1-уми июли соли равон оғоз мегарданд.

Июнь 11, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад