Осорхонаи миллии Тоҷикистон сайрҳои маҷозӣ роҳандозӣ намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сайрҳои маҷозӣ ё худ экскурсияҳои вертуалии экспозитсияҳоро роҳандозӣ намудааст.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов зикр намуд, ин рӯзҳо ташрифи сайёҳону меҳмонон ба тамошои осорхона хело кам аст ва шахсоне, ки дар хонаҳои худ қарор доранд, метавонанд аз дунёи маҷозӣ истироҳати хуби фарҳангӣ баранд.
Ба зикри номбурда, Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сомонаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ «Facebook», «Twitter», «Instagram», «В Контакте» ва «Одноклассники» саҳифаи расмӣ дорад ва тариқи сомонаҳо сайрҳои маҷозиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хитоӣ гузаронида истодааст.
Сайрҳои маҷозӣ аслан аз рӯи даврабандии таърихие, ки дар толорҳои экспозитсионии осорхона инъикос ёфтаанд, яъне аз даврони асри санг то замони муосир сурат мегирад. Дар ин муддати сипаригардида аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 35 экскурсияи вертуалӣ бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ оид ба давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла «Асри санг», «Асри биринҷ», «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Хазинаи Амударё», «Юнону Бохтар», «Империяи Кушониён», «Давлатҳои Сосониён ва Ҳайтолиён» ва «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» гузаронида шудааст.
Аз рӯи таҳлилҳо дар давоми як ҳафта аз шабакаи иҷтимоии «Facebook» то 4000 нафар шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ аз фазои маҷозӣ дидан намудаанд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, аксарияти тамошобинони фазои маҷозӣ дар шарҳи наворҳо фикру андешаҳои худро иброз намуда, ин иқдоми наҷибро дар шароити кунунӣ хело зарур ва саривақтӣ меҳисобанд.
Роҳандозии сайрҳои маҷозӣ барои фаъолияти Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нав ва беназир буда, аз рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ дар мамлакат дарак медиҳад.
«Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ имконияти муаррифии осори гаронарзиши миллати тоҷикро дар дурдастарин минтақаи мамлакат ва хориҷи он муҳайё сохтааст. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, алоқамандону дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ ва дилхоҳ нафаре, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд, метавонанд тариқи саҳифаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон моро пайгирӣ намояд», — тазаккур дод Алишер Зарипов.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯзҳо фаъолияташро хуб ба роҳ монда, барои боздидкунандагон хизматрасонии сатҳи олӣ ташкил намудааст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзур намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам боздидкунандагон аз санҷиши ҳароратсанҷ гузашта, дастони худро бо маҳлулҳои антисептикӣ шуста, сипас ба осорхона ворид мешаванд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






