Роҳбари СУТ: Танҳо сокинони Арабистони Саудӣ метавонанд ҳаҷ намоянд
ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби вазъи вобаста ба коронавирус, имсол Арабистони Саудӣ миллионҳо ҳоҷиро, ки аз кишварҳои дигар ҳар сол ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Макка меоянд, қабул нахоҳад кард. Танҳо касоне, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд маросими ҳаҷро адо намоянд. Дар ин бора 24 июн зимни нишасти матбуотӣ дар Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гейбрисус (ДАР АКС) иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иттилоотии СММ.
«Ин қарор бар асоси таҳлили сенарияҳои гуногун, арзёбии сатҳи хатар ва тавсияҳои СУТ қабул шудааст. Вазифаи асосӣ ин ҳифзи бехатарии зиёраткунандагон ва коҳиши ҳарчи бештари хатари тавсеъаи сироятёбӣ мебошад» — гуфт доктор Тедрос.
Вай гуфт, ки СУТ ин қарорро дастгирӣ ва дарк мекунад, ки қабули он душвор буд, чунки теъдоди зиёди мусулмононе, ки имсол нияти ҳаҷ кардан буданд, ғамгин шуданд. «Ин боз як мисоли он аст, ки барои ҳифзи саломатии одамон чунин қурбониҳоро бояд таҳаммул кард» — илова намуд роҳбари СУТ.
АКС аз бойгонӣ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






