«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Доир ба ин мавзӯъ дар барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Дар илми сиёсӣ андешае мавҷуд аст, ки рушду инкишоф, ташаккули ҳар як миллат ба сарвари сиёсии он вобастагии калон дорад. Дар ин маврид гуфтан зарур аст, ки барои миллати тоҷик дар ҳақиқат дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ як шахсияте ба сари саҳнаи сиёсат омад, ки ӯ тавонист Ваҳдати миллиро барқарор намояд ва сарнавишти ояндаи миллатро муайян созад. Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як ҳодисаи муҳиме дар таърихи миллати тоҷик буд. Яъне бо вуруди ин шахсият ба саҳнаи сиёсат ҳама низоъҳо ва муноқишаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мушаххас ба вуҷуд омада буд маҳз бо талош ва кӯшишҳои ин абармард онҳо бартараф гардиданд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз дар мамлакат Ваҳдати миллӣ ҳукумфармост», — иброз медорад Алиназар АШӮРОВ, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Идомаи андешаҳои мавсуфро дар барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои Ховар имрӯз соатҳои 11:45 (такроран 13:45 ва 18:45) дар таҳияи Шабнам ШОКИРЗОДА бишнавед.