Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармондаанд, бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин мешаванд

Июнь 6, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли ҷорӣ 237 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ду кишвари мазкур ва мусоидати сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи маълумоти расида, имрӯзҳо гурӯҳи дигари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (беш аз 30 нафар), ки нияти бозгашт ба Ватанро доранд, бино бар баста будани марзҳои давлатӣ дар назди гузаргоҳи номбурда ҷамъ омадаанд. Чунин ҳолат боис мегардад, ки то гирифтани иҷозати убури сарҳад аз мақомоти дахлдори Қазоқистон ва Ӯзбекистон мардуми дар марз дармонда сарсону саргардон шаванд.

«Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони муқими он кишвар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба шаҳрвандони дар минтақаи марзӣ дармонда ҷиҳати таъмини онҳо бо ғизо ва ҷойи хоб мусоидат менамоянд»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид бояд кард, ки аз 16 марти 2020 бино бар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии COVID-19, барои ворид шудан ба хоки он ду кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамватанон тавсия медиҳад, ки то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар минтақа аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва убури транзитӣ аз он ду кишвар худдорӣ намоянд.

Июнь 6, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон