Ширкати россиягии «Ritta Romani» ба дӯзандаҳои тоҷик ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати россиягии «Ritta Romani», ки либосҳои кӯдаконаро истеҳсол ва интиқол менамояд, дӯзандаҳоро аз Тоҷикистон ба кори доимӣ даъват намуда, онҳоро бо маоши арзанда таъмин менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.
Аз ҷониби директори генералии ширкат ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия аллакай дархости расмӣ фиристода шудааст.
«Ҷойҳои холии корӣ барои дӯзандаҳои соҳибтаҷрибае, ки дар дӯхтани либосвории трикотаж малака доранд, омода гаштаанд», — мегӯяд Иброҳим Аҳмадов.
Тибқи дархост, реҷаи корӣ аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа аз соати 08: 00 то 17:00 буда, маош аз 25000 то 40000 рубл мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки ширкати «Ritta Romani» бренди навест, ки рушди муваффақона дорад. Зери ин бренд номгӯи зиёди либосворӣ барои кӯдакони навзод, тифлакон ва наврасон истеҳсол карда мешавад. Ҳадафи аслии муассисони ин ширкат, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, истеҳсоли либосҳои бароҳат ва тибқи мӯд дӯхташуда мебошад.
Қаблан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия корхонаи хишти «Кор» аз шаҳри Черепановои вилояти Новосибирск низ муроҷиат намуда, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват намуда буд.
Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин гуфт, ки 2 июн ба намояндагӣ аз роҳбарияти ҶДММ «ПЭК» барои ҳаммолон дар анборҳои шаҳрҳои Москва ва Королёв дархости дахлдор ворид гардид.
«Талабот ба кор чунин аст: синну сол аз 20 то 40, уҳдадорӣ: борбардории мошинҳои боркаш. Музди меҳнат аз 24 ҳазор рубл. Ташкилот хобгоҳи ройгон пешниҳод менамояд. Хароҷот барои ба расмият даровардани иҷозатнома аз ҷониби корфармо бо тарҳкунии минбаъда пас аз 3 моҳ пардохт карда мешавад. Дар ҳолати фаъолияти на кам аз 11 моҳ дар ташкилот хароҷоти иҷозатнома баргардонда мешавад. Ғайр аз ин, ташкилот пешпардохтро ҷуброн менамояд, яъне андози ҳармоҳаи меҳнатро дар як моҳ 4 ҳазор рубл ҷуброн мекунад», — гуфт ӯ .
АКС аз сомонаи агентии Sputnik








Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд






