«ТИРГОН – ҶАШНИ ОБ». Таҳти ин унвон дар нашриёти «Аржанг» китоб аз чоп баромад

Июнь 23, 2020 09:06

ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Тиргон – ҷашни об» таҳти чунин унвон  китоби фолклоршинос ва мардумшинос Дилшод Раҳимӣ дар нашриёти «Аржанг» ба табъ расид.

Китоб хусусияти илмӣ ва оммавӣ дошта, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст. Дар пешгуфтори китоб дар бораи аҳамияти об дар ҳаёт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди гиромидошти об дар сатҳи байналмилалӣ ва расму ойинҳои ниёгони тоҷикон дар иртибот ба обу ободонӣ сухан меравад.

Тавре муаллиф нигоштааст, «дар зиндагии ҳаррӯза, ҷашну идҳо, тўю маросимҳои анъанавии иҷтимоӣ, кору бори соҳаҳои кишоварзию ҳунармандӣ ва ғайра об на танҳо чун неъмати маъмулии табиат, балки ҳамчун унсури рамзию эътиқодӣ мавриди корбурд қарор дорад».

Дар поёни китоб муаллиф дар бораи ҷашни Тиргон, намунаи шеърҳо дар бораи Тиргон, васфи об, феҳристи адабиёти илмӣ ва оммавии марбут ба обро ҷой додааст. Ин китоб аввалин асари илмӣ-оммавӣ бахшида ба ҷашни Тиргон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи аҷдодони тоҷикон маҳсуб меёбад. Ҷашни Тиргон аз даврони қадим ҳамасола дар рӯзи 13-уми Тири моҳи Тир, баробар ба 3-юм ё 4-уми июл барпо мешудааст. Онро мардум ба нишонаи эҳтироми об ва баракату фаровонӣ таҷлил мекардаанд.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид 23 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуданд. Ин пешниҳоди сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи глобалии ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад, ки аз ҷониби бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Июнь 23, 2020 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад