Гурӯҳи табибони Полша барои табодули таҷриба баҳри ташхису табобати COVID-19 ба шаҳри Хоруғ сафар карданд

Июнь 12, 2020 14:12

ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи табибони Полша, ки  дар ташхису табобати бемории COVID-19 таҷрибаи зиёд доранд, ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, аз ҳолати беморони гирифтори ин навъи вирус шинос шуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ба зикри сардухтури беморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидбек Давлатбеков табибони Полша асосан дар ташхису табобати бемороне, ки вазъи саломатиашон хуб нест, ба ҳамтоёни тоҷики худ кумак мерасонанд. Онҳо дорои  таҷрибаи беҳтар буда, дар ихтиёри худ озмоишгоҳҳои муосири сайёр низ доранд.

«Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID-19  дар Тоҷикистон. дар вилоят то ба имрӯз 940 нафар бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ шуда, имрӯз аксари онҳо пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон баргаштанд ва 115 нафар зер назорати табибон мебошанд. Муҳим он аст, ки беморон ва табибон ба ҳамдигар боварӣ ҳосил намуданд. Ҳоло ки табибони хориҷӣ дар ин ҷо қарор доранд, бо боварӣ метавонам гӯям, ки пас аз мубодилаи таҷриба  дониши назариявию амалии   табибони тоҷик боз ҳам хубтар мегардад»,- гуфт Саидбек Давлатбеков.

Ҳамчунин табиби полякӣ Анна Беномбекова баён дошт, ки  дар баробари ташхису табобати беморон, мо инчунин ба табибон, ки дар баробари ин беморӣ хеле осебпазиранд, чораҳои муассири муҳофизатиро меомӯзем. Зеро дар аввали хурӯҷи беморӣ дар дунё аз ҳама бештар табибон осеб диданд. Ҳамзамон мо таҷрибаи табибони тоҷикро меомӯзем ва дар оянда ҳангоми сафар ба дигар минтақаи ҷаҳон аз он истифода хоҳем бурд.

Июнь 12, 2020 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид