Таҳдидҳои нави терроризм ва экстремизми хушунатомез дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари пандемияи СOVID-19

Июнь 5, 2020 16:05

ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ “Ховар”/. Таҳдидҳои нави терроризм ва экстремизми хушунатомез дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари пандемияи COVID-19  4 июн зимни видеомашварат, ки дар доираи амалишавии марҳалаи сеюми лоиҳаи “Дар роҳи иҷрои Нақшаи муштарак оид ба амалиёт дар чаҳорчӯби Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ “Ховар”  дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд.

Машварати мазкур аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (ММДБОМ) дар якҷоягӣ бо Раёсати зиддитеррористии СММ (РЗТ СММ) баргузор шуд.

Дар бахши якуми ҷаласа масъалаҳои таъсири пандемия ба авлавиятҳои милливу минтақавӣ дар соҳаи амният ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таъсири пандемия ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ аз нуқтаи назари экстремизм, инчунин,  аз дидгоҳи табъиз ва риояи ҳуқуқи инсон, таъсири пандемия ба муносибат ва ҳамкориҳоҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.

Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ,  Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, муовини Котиби генералии СММ,  роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Ёвари  Котиби генералии СММ доир ба масоили сиёсӣ Мирослав Енчи ва намояндагони ниҳодҳои тадқиқоти стратегии назди Президентҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон  доир ба масоили номбурда суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ вобаста ба рӯзномаи вебмашварат бо мавқеъгирии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.  Сипас иштирокчиёни  ҳамоиш пиромуни масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш масъалаи омодагӣ ба форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ ва баррасии мавзӯъҳои банақша гирифташуда мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода шуд. Намояндагони масъул ва дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ин масъала низ табодули афкор намуда, ҷиҳати мушаххас намудани мавзўи ҷаласаи навбатии Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ, ки дар нимаи дуюми соли 2020 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, баррасӣ гардиданд.

Июнь 5, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода