10 соҳибкори Хатлон сазовори Ҷоизаи «Ободгари Ватан» гардиданд

Июль 9, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» ҷамъбаст гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 10 нафар соҳибкори вилоят  сазовори Ҷоизаи «Ободгари Ватан» гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.

Ҷоизаи мазкур насиби соҳибкорони зерин — Моҳира Шомаева  аз шаҳри Бохтар, барои бунёди маркази саломатии 5-ошёна,  Холмурод Асадуллозода аз шаҳри Бохтар, барои бунёди бинои иловагии муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ», Абдулмаҷид Ҳабибуллоев аз ноҳияи Кӯшониён, барои бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия,  Илҳом Атовуллоев аз ноҳияи Хуросон, барои бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Томчӣ, Холназар Достиев аз ноҳияи Шаҳритуз, барои бунёди иншооти бисёрфунксионалӣ, тӯйхона ва маркази хизматрасонӣ, Тағайхуҷа Аюбов аз ноҳияи Восеъ, барои бунёди майдончаи варзишӣ,  Сайидхоҷа Маҳмудов аз ноҳияи Фархор,  барои бунёди сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ,  Акмалҷон Чиллазода аз ноҳияи Данғара, барои бунёди меҳмонхона ва ҳаммоми замонавӣ,  Шариф Кабиров  аз ноҳияи Дӯстӣ, барои бунёди китобхонаи оммавӣ ва маркази хизматрасонӣ ва Зулхумор Алиева  аз ноҳияи Ёвон барои бунёди Маркази хизматрасонии дуошёна, хатти оби нӯшокӣ ва пули мошингузар дар Ҷамоати деҳоти “Обшорон”.

Ҳадаф аз баргузории ин  озмун беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳо ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли худ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни  «Ободгари Ватан» тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 феврали соли 2019 бо мақсади қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва шахсонӣ саховатпешае, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонию созандагии сатҳи маҳал саҳми намоён мегузоранд, баргузор гардида, ҳар семоҳа ғолибони он муайян карда мешаванд.

Июль 9, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд