Ҷамолиддин Абдуллозода: Оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, дақиқ аст
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати пайдо шудани андешаҳои гуногун оид ба маълумоти вазорат дар мавриди гирифторони бемории коронавирус ва фавт аз ин беморӣ зикр намуд, ки оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, аниқ ва дақиқ мебошад.
«Дар марҳилаи имрӯза бемороне, ки мефавтанд, тамоми хешу табор ва ҳамсоя фавти ӯро ба коронавирус вобаста мекунанд. Инҷо сабаби асосии фавти беморонро табибон дар асоси таҳлили таърихи бемор ва хулосабарорӣ муайян мекунанд. Солҳои пеш бемории пневмония ба қайд гирифта мешуд, вале он расонаӣ намегардид. Ҳоло мо дар марҳилаи пандемияи COVID-19, ки имрӯз тамоми дунёро ба ташвиш овардааст, қарор дорем. Ҳар як ҳодисаи фавте, ки дар беморхонаҳо мешавад, ҳатман дар расонаҳои интернетӣ нашр мешавад ва ин боиси сару садоҳои гуногун ва нодуруст баррасӣ кардани омори Вазорат мегардад»,- гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аксарияти фавтҳое, ки ба қайд гирифта мешаванд, ин, пеш аз ҳама, ба бемориҳои фишорбаландии ишемикии дил, фарбеҳӣ, бемории қанд ва тарсу ваҳм (стресс) вобастагӣ доранд. Рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории коронавирус тамоми аҳолӣ дар ҳолати тарсу ваҳм қарор дошт ва ин омил сабаби асосии сар задани ориза ва ҳодисаҳои фавт мебошад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






