Бадахшон: Барои 22 нафар ҷавонони то синни даъватӣ таҳсили ройгони ронандагӣ ба роҳ монда шуд
ХОРУҒ, 25.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи Мактаби муттаҳидаи техникии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ботантанаи қабули ҷавонони то синни даъватӣ ба курсҳои ройгони ронандагӣ баргузор гардид. Акнун 22 нафар ҷавонони то синни даъватӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баъди таҳсили кӯтоҳмуддат соҳиби гувоҳномаи ройгони ронандагӣ мешаванд. Ин гувоҳномаҳо ба ҷавонписарон дар рӯзҳои маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонписарон ба хизмати Модар-Ватан тақдим мегарданд. Ҳамзамон дар ин ташкилот барои ҷавонони то синни даъватӣ маҳфилҳои гуногун, амсоли «Мерган», «Десантчиёни ҷавон» ва «Алоқачӣ» амал карда, ҳамасола даҳҳо нафар ҷавонон ба ин давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Раиси ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят Зафар Давлатов як гурӯҳ ҷавононро бо оғози таҳсил табрик намуда, изҳор дошт, ки “ин курсҳои ройгони ронандагӣ бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаанд. Мақсади чунин тадбирҳои судманд, пеш аз ҳама, омода кардани мутахассисони варзида барои қисмҳои низомӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебошад. Раҳбарияти олии мамлакат ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавонон, ки рисолати асосии ташкилоти мададгори мудофиа ба ҳисоб меравад, аҳамияти хос медиҳад”.
Номбурда аз ҷавонон даъват кард, ки дар дарсҳо фаъолона ширкат кунанд ва бо дониши хуби назариявию амалӣ ин давраи омӯзиширо хатм намоянд.
«Ронандагӣ як касби хеле масъулиятнок аст ва бо ҳаёту мамоти одамон сару кор дорад. Шумо агар бо механизмҳои мошин шинос набошеду қоидаи ҳаракати роҳро дуруст надонед, ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони мусофиронро дар хатар мегузоред. Аз он ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ худихтиёрӣ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ раҳсипор мегардед, чун раиси ташкилоти мададгори мудофиа ва чун як фарди низомӣ ба шумо ва волидону омӯзгоронатон изҳори сипос менамоям. Маҳз заҳмату талошҳои омӯзгорону волидон аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се соли охир нахустин шуда, нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳиро дар сатҳи ҷумҳурӣ ба иҷро мерасонад»,- таъкид намуд Зафар Давлатов.
Сардори Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хоруғ Носир Мамадназарбеков гуфт, ки ҳар сол дар давраи маъракаи баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ба 44 нафар даъватшавандагон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳномаи ронандагӣ ройгон тақдим мешавад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ бо дастгирии Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҷавонписарони синни даъватӣ ройгон соҳиби гувоҳномаи ронандагӣ мегарданд.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






