Cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид

Июль 9, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 09.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сараввал ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои сокинони аз офати табии рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ зарардидаи ноҳия дидан кард.

Қоҳир Расулзода зимни боздид ба масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табии зарардидаи ноҳияи Хуросон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Июль 9, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон