COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6262 нафар расид

Июль 6, 2020 18:45

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 6 июл ба 6262 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4914 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 218 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 56 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июль 6, 2020 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо ҳайати намояндагони Фонди сармоягузории мустақили Россия ҷиҳати таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон гуфтушунид доир шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 830 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби USAID таҷҳизоти техникӣ супорида шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Ширкатҳои ҳавопаймоии Россия нархи чиптаро ба самти Тоҷикистон арзон намуданд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Писарбачаи 14-сола аз шаҳри Панҷакент трактори хурди ҳамакора ихтироъ кард!
Бо мақсади пешгирии СOVID-19 шартҳои воридшавии мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардонида шуданд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 727 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд

Маводҳои таҳлилӣ