COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6786 нафар расид

Июль 17, 2020 19:50

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 17 июл ба 6786 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5483 нафар ё худ 80,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 171 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июль 17, 2020 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ СОҲИБИ ҶОЙГОҲИ АСЛӢ ГАРДИД. Ва ё чанд сухан доир ба заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии густариши забони давлатии Тоҷикистон
ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ беназир аст
БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт
Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе — 2023
МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» омили пешгирии чангу ғубор аст
26 СЕНТЯБР-РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ. 24 Паёми Президенти Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ироа гардидаанд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН». Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шуданд
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд