Дар Тоҷикобод ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз ёфт
ТОҶИКОБОД, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони кишти картошка, дар ноҳияи Тоҷикобод иҷро гардид. Бори аввал дар ноҳия майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2005 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 84,5 фоиз зиёдтар аст. Аз 2005 гектар кишти картошка 937,7 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Дар хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта 272,7 гектар майдони кишти картошка васеъ гардонида шудааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯзҳо дар хоҷагии деҳқонии «Нӯшор»-и ноҳия ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, натиҷаи ғундоштани ҳосили имсола нишон медиҳад, ки заҳмати кишоварзон натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст.
Юсуфҷон Худойдодов аз деҳаи Шарқиён анъанаи дерини деҳқонони ноҳияро, ки маъмулан даҳаи дуюми моҳи август ба ҷамъоварии картошка оғоз менамоянд, шикаст. Номбурда 7 июл қитъаи картошкаи хоҷагии деҳқониашро, ки майдони 0,40 гектарро ташкил медод, ҷамъоварӣ намуд. Дар ин рӯз раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода иштирок намуда, ба Юсуфҷон барори кор хостанд.
Юсуфҷон Худойдодов ба меҳмонон гуфт, ки «15 март картошка кишт намуда будам. Тухмии маҳаллии навъи «сафедак»-ро аз деҳаи Ширинчашма харидорӣ карда, 4 моҳ пеш шинонда будам. Имрӯз хурсанд ҳастам, ки ҳосил пухта расид ва харидор аз шаҳри Душанбе пайдо шуд, ки ба ҷамъоварӣ шурӯъ намудам. Чуноне ки мебинед зарар надидам, 12 тонна картошка бо нархи ҳар килояш 2 сомониву 85 дирамӣ аз сари замин ба фурўхтам».
Шуғли асосии Юсуфҷон Худойдодов деҳқонист ва бо номи «Нӯшор» дар майдони 2 гектар хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, дар як гектари он боғ бунёд намудааст, ки имсол дарахтони он ҳосили бисёр бастаанд. Зардолуҳояш хеле барвақт пухтанд, ки чанд бор меваи онро ба бозор баровард. Бо мақсади истифодаи босамари замин байни қаторҳо гандум коридааст, ки дуҳафта баъд ба дараву кӯфтани он шурӯъ хоҳад кард. Майдони боқимондаро дар 0,20 га сабзӣ, 0,40 га юнучқа кишт кардааст.
Имсол ин деҳқони асил иқдоми гирифтаааст, ки дар замини ҳолишудаи картошка ва сабзӣ ҷуворимакка корида, ҳосили фаровон ба даст биёрад. Ӯ бовар дорад, ки имконияти кишти ҷуворимакка барои силос мавҷуд аст. Юсуфҷон Худойдодов чанд даҳсола пеш фоидаи гузаштан ба шакли нави хоҷагидориро дарк карда буд ва яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷамоати деҳоти Нўшор хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, аз ҳисоби ҳосили руёндааш оилаашро мехўронаду мепўшонад.
Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод дар баробари аз худ кардан ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида қитъаҳои нави заминҳои кишоварзиро барои парвариш ва истеҳсоли картошка васеъ намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, саҳми муносиби худро мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзунгардидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






