ДАРОЗТАРИН ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Он имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди истифода қарор дода шуд

Июль 2, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Шарқ гузаргоҳи зеризаминии мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар медиҳад.

Тавре гуфта мешавад, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Фармоишгар ва пудратчӣ ҶДММ «Сохтмончиёни Суғд» буда, лоиҳаи он аз ҷониби ПИЛҶ «САНИИОСП» таҳия гардидааст. Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида 5054,4 м2 -буда, дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст.

«Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад», — гуфт Маъмур Юсуфов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, дар он беш аз 60 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ кору фаъолият доштанд. Иншооти мазкур дорои 114 адад нуқтаҳои савдо буда, ҳангоми ба истифода додан зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар мағозаҳои гузаргоҳи зеризаминӣ дар баробари молу колои зарурӣ, ҳамзамон анвои гуногуни ватанӣ, бахусус истеҳсолоти либосҳои дохилӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули кори эҷодкорон манзури харидорон карда шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ин иқдоми неки соҳибкорро тавсиф намуда, дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, нақши муосир гузоштан ба муаррифии молҳои ватанӣ баҳои баланд дод.

Ҳамзамон болои гузаргоҳи зеризаминӣ мумфарш ва ҳудуди он барои бехатарии шаҳрвандон панҷарабандӣ карда шудааст. Роҳрави кӯчаи Шарқ пурра сафолакпӯш ва қадди роҳ бо усусли муосир чароғон гардидааст.

Бунёди чунин гузаргоҳи калони зеризаминӣ самараи рушди босуботи кишвар ва инкишофи соҳаи тиҷорат арзёбӣ гардида, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон ва бахусус таъмин бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.

Июль 2, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо