Донишгоҳи давлатии Данғара: то соли 2021 на кам аз 50 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ дифоъ менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) барномаи тезамали омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ таҳия гардидааст, ки тибқи он бояд то соли 2021 на кам аз 50 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ дифоъ намоянд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 11 нафар омӯзгорони Донишгоҳ рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, ки ин тайи 10 соли охир дастоварди беҳтарин ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон 15 нафар омӯзгорон барои ҳимояи рисолаи илмӣ омодагӣ дида истодаанд.
Ин нуктаро 23 июл ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иброз дошта, илова намуд, ки барои ҳавасманд гардонидани довталабон ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара ва қарори ҳайати умумии кормандон аз 1 сентябри соли 2019 барои ҳимояи номзадӣ 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Нуралӣ Шоҳиён дар робита ба хатми донишгоҳ ва фаъолияти имрӯзаи мутахассисон зикр кард, ки хушбахтона, хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни педагогӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муҳандисию технологӣ ва ғайраҳо фаъолияти пурсамар менамоянд. Тавассути тарбияи мутахассисон дар таҳсилоти рўзона ва фосилавию ғоибона донишгоҳ дар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳо дар вилояти Хатлон бо кадрҳои омўзгорӣ ва истеҳсолӣ саҳми муассир мегузорад.
Соли 2020 аз шумораи умумии 871 нафар (аз ҷумла духтарон — 137, писарон — 734, таҳсилоти ройгон — 131 нафар, тибқи таҳсилоти шартномавӣ — 729, тибқи квотаи президентӣ-11,) хатмкардагони зинаи бакалавр, мутахассис ва магистратура — 123 нафар, 157 нафари онҳо соҳиби ихтисосҳои омўзгорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 55 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Хатмкардагон аз рӯи роҳхат барои дарёфти ҷои кор дар доираи шартномаи сетарафа ба шаҳру ноҳияҳои вобаста равона гардидаанд.
Ҳамчунин тибқи иттилои роҳбарияти ин муассисаи олӣ, дар сохтори идоравии донишгоҳ «Биржаи озоди меҳнат ва рушди касбияти донишҷӯён», инчунин «Маркази рушди зеҳнӣ ва болоравии касбии донишҷӯён» созмон дода шудаанд, ки мувофиқи талаботи имрўзаи меъёрҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар амалисозии стратегияи рушди донишгоҳ, рақобатпазиргардонии кадрҳо дар бозори озоди меҳнат муҳим мебошад.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






