ФУТБОЛ. «Кӯктош», «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикистон ғолиб омаданд

Июль 13, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11-12 июл дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуданд. 11 июл дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА  ва 12 июл «Хуҷанд» бо «Душанбе-83», «Истиқлол» бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе  байни  ҳам рақобат карданд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон дар майдони худ  дастаи «Файзканд»- и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.  Ин пирӯзии аввалин барои сармураббии тозаинтихоби дастаи «Кӯктош» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев мебошад. Ӯ дар оғози ҳафтаи равон ба ҷойи Раҳматулло Фузайлов ба ин мақом таъйин шуда буд.

Баъди ин пирӯзӣ  дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи аввали мусобиқаро бо 12 хол дар ҷойи зинаи 5-ум ба поён расонид. Дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бошад бо 10 хол ба мақоми 7-ум фаромад.

Дар яке аз бозиҳои дигари  даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат карданд. Бозии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Талко Арен»-и  шаҳри Турсунзода сурат гирифта, бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ба анҷом расид.

Баъди ин бозии  ҷолиб дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 18 имтиёз ба ҷойи сеюм фаромад, Дастаи  «Регар ТадАЗ»  дар зинаи 8-ум боқӣ хоҳад монд.

Дар бозии  дигари ин давр дастаи  футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан аз дастаи   КМВА  бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд.

Бозиҳои марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2020 хотима ёфтанд. Бозии охирини ин марҳила бо иштироки ду дастаи пойтахт  дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Локоматив Помир»-и Душанбе ҷараён гирифт. Дар ин бозӣ ҷолиб дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бар дастаи  «Локоматив Помир»-и Душанбе бо натиҷаи  1:0 ғалаба намуд.

Голи ягонаи ин бозии   дастаи  «Истиқлол»- ро собиқ футболбози меҳмонон Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

Баъд аз ин пирӯзӣ  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 25 хол дар садри ҷадвал боқӣ монд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  аз ҳарифи наздиктарини худ-дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 6 имтиёз зиёдтар дошта, ғолиби марҳилаи якуми чемпионат гашт.

Бо бозӣ байни дастаҳои футболи   «Хуҷанд» ва «Душанбе-83» марҳилаи якуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди мизбонон анҷом  ёфт. Ҳарду даста   дар ин вохӯрӣ баробар сабқат намуданд, вале дар лаҳзаҳои  охири вохӯрӣ   Фирдавс Чақалов бо истифода аз паси ҳамдастагонаш ҳисобро кушода, пирӯзии тимашро дар ин бозии басо мушкил таъмин сохт. Акнун баъди ин пирӯзӣ ноиб қаҳрамони ҷумҳурӣ  бо ҳисоби 19 хол дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Дастаи футболи «Душанбе-83» бошад 11 имтиёз дораду дар зинаи 6-ум мавқеъ касб намудааст. Ҳамин тавр марҳилаи якуми Чемпионати мамлакат  байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт. Оғози дигарбораи бозиҳои Лигаи олӣ дар миёнаи моҳи август дар нақша ҳаст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври Матч 9-ум

«Кӯктош»-  «Файзканд»  3:1 (1:1)

Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

«Истаравшан» – КМВА– 1:2

Голҳо: Шервони Мабатшоев, 4 (0:1). Шервони Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

«Истиқлол»-    «Локоматив Помир»  1:0

Гол:Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 1 0 39-5 25
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 6 1 2 17-10 19
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 5 3 1 16-12 18
4 КМВА(Душанбе) 9 4 2 3 13-12 14
5 «Куктош» (Рӯдакӣ) 9 3 3 3 11-12 12
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 9 3 2 4 9-16 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 9 2 4 3 12-15 10
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 2 2 5 13-19 8
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 9 1 1 7 7-16 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 1 1 7 10-26 4

 

Манучеҳр  Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 тӯб, Шериддин Бобоев ва  Рустам Соиров, («Истиқлол»)-, 6 тӯб, Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») — 5 тӯб,  Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»),  Шодибек Ғаффоров  ва  Шервони Мабатшоев (КМВА)  4  тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)  Идрис Аминов, Хуршед Абдуллоев ва Элчибек Рашидбеков ( ҳама «Душанбе-83»)  ва  Санҷар Рихсибоев («Хуҷанд»)   –  3-тӯбӣ.

Июль 13, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид