ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикистон оғоз мешаванд. 11 июл дастаҳои футболи «Куктош» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА ва 12 июл «Хуҷанд» бо «Душанбе-83», «Истиқлол» бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 4-5 июли соли равон баргузор гардида буданд.
4 июл дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби калони 4:0 пирӯз шуд. Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро дар ин вохӯрии ҷолиб Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов ва Шериддин Бобоев ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд низ дар сафар бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бозии ҷолиб сурат гирифт. Ҳарчанд шогирдони Алиёр Ашурмамадов бо ҳисоби 0:2 пешсаф буданд, вале натавонистанд ин ҳисобро нигоҳ доранд. Душанбегиҳо дар қисми аввал ҳисобро мусовӣ намуданд. Дар қисми дуюм дастаҳо якголии дигар заданд. Натиҷа – 3:3 мусовӣ анҷом ёфт. Дар ҳайати тими Душанбе Элчибек Рашидбеков ду гол, Хуршед Абдуллоев як гол ба ҳалаф расониданд. Дар ҳайати «Истаравшан» низ капитан Илҳом Баротов ду гол, Қаҳрамон Ҳомидов як гол ба номашон сабт карданд.
5 июл дастаи Клуби марказии варзиши артиши (КМВА) Вазорати мудофиа дар майдони худ бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ карда, бо ҳисоби 3:1 зафар ёфт. Дар ҳайати КМВА Шервонӣ Мабатшоев ду гол, Дилшод Восиев як гол заданд. Голи тими «Регар-ТадАЗ»-ро Нозим Бобоҷонов ба иҷро расонид. Баъд аз ин ғалаба артишиҳо ба ҷои чоруми ҷадвали чемпионат баромаданд. Дар бозии охирини давр дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Се холи навбатӣ ба дастаи шаҳри Бохтар тавассути зарбаҳои нишонраси Худойдод Узоқов ва Сунатулло Исмоилов имконпазир гашт.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии 8 даври Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 22 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 17 хол дар ҷои дуюм ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 16 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтаанд.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 8 | 7 | 1 | 0 | 38-5 | 22 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 8 | 5 | 2 | 1 | 15-11 | 17 |
| 3 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 8 | 5 | 1 | 2 | 16-10 | 16 |
| 4 | КМВА (Душанбе) | 8 | 3 | 2 | 3 | 11-11 | 11 |
| 5 | «Душанбе-83» (Душанбе) | 8 | 3 | 2 | 3 | 9-15 | 11 |
| 6 | «Файзканд» (Восеъ) | 8 | 2 | 4 | 2 | 9-14 | 10 |
| 7 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 8 | 2 | 3 | 3 | 8-11 | 9 |
| 8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 8 | 2 | 1 | 5 | 12-18 | 7 |
| 9 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 8 | 1 | 1 | 6 | 7-15 | 4 |
| 10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 8 | 1 | 1 | 6 | 9-24 | 4 |
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 7 тӯб, Шериддин Бобоев, («Истиқлол»)- 6 тӯб, Рустам Соиров, («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») — 5 тӯб, Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Шодибек Гаффоров (КМВА) 4 тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») Идрис Аминов, Хуршед Абдуллоев ва Элчибек Рашидбеков ( ҳама «Душанбе-83») – 3-тӯбӣ.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт






