Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит ба қабули сайёҳон омода мебошад

Июль 21, 2020 09:49

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳӣ аз мавзеъҳои сайёҳии дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумита.

Дараи Ромит яке аз манзараҳои зеботарин ва минтақаи сайёҳии мамлакат буда, дар он оби шифобахши «Зайрон», «Мамнўъгоҳи Ромит», мавзеи фароғатию сайёҳии «Арху» ва иншооти зиёди истироҳатию фароғатӣ навсозӣ гардидаанд. Дараи Ромит ҳамчунин бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш миёни сайҳони дохиливу хориҷӣ шуҳрат дорад.

Гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита нахуст аз осоишгоҳи «Зайрон» дидан намуд.

Осоишгоҳи «Зайрон» бо оби шифобахши худ маъруф буда, оби табиии он аз синаи кӯҳ ҷорӣ мешавад. Оби он барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту пою сутунмӯҳра ва пӯст пешбинӣ шуда, дар таркибаш калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад.

Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарё воқеъ аст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад.

Зимни сафар ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз мавзеи фароғатию сайёҳии «Арху»  дидан кард. Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 75 километр аз Душанбе, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат воқеъ мебошад. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти ҳудуди он 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои 12 айвонча мебошад.

Меҳмонхонаи навбунёди ин маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Имкониятҳои маҷмааи мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани имконияти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ дар минтақа таъсири мусбат мерасонад.

Арху ном гирифтани ин мавзеъ ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд дошт. Баъдтар сокинони он дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд. Худи Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад.

Ба иттилои Кумита, дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардидаанд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон ба роҳ монанд.

Ҳамзамон Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир меандешад.

Июль 21, 2020 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад