Кӯлоб: Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ 32 865 ҳазор метри кубӣ об бароварда шуд

Июль 21, 2020 17:07

КӮЛОБ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол  оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта бештар таъмин гардид.Ҳамин фаровонии об буд, ки  деҳқонон тавонистанд ҳосили фаровон ба даст оранд ва ба кишти такрорӣ шурӯъ намоянд. Дар минтақа дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 таъмири 91 адад агрегати оббарор  ба нақша гирифта шудааст. Дар асл 81 адад  агрегати оббарор аз таъмир бароварда шуд, ки 89%-и нақшаро дар бар мегирад. Бо сабаби  вазъи ногувори молиявӣ 4 адад  агрегат дар ноҳияи Восеъ ва 6 адад  дар ноҳияи Фархор аз таъмир бароварда нашуданд. Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ 32865 ҳазор метри кубӣ об бароварда шуд, ки ҳар метри кубии он 2,09 дирамро ташкил медиҳад.

Дар ин бора зимни нишастии матбуотӣ сардори Иттиҳодияи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи  Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо мақсади  пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиӣ соли 2020 Идораи  давлатии  беҳдошти замин  ва обёрии  шаҳру  ноҳияҳои минтақа  аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ  бо маводи сӯзишворӣ, симтӯр, симтаноб, семент, арматур ва дигар масолеҳи зарурӣ сари вақт таъмин гардид. Айни ҳол  дар мавзеъҳои хавфнок  корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Инчунин  аз тарафи Маркази  тадбиқи  лоиҳаи устувории  ҳавзаи дарёи Панҷ  дар вилояти Хатлон  дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ  тоза намудани  наҳрҳои обрасон  ва таъмири иншооти  гидротехникӣ идома дорад.

Июль 21, 2020 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад